ТАҶЛИЛИ  30-ЮМИН СОЛГАРДИ  ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ РОҒУН, ТАҲТИ  УНВОНИ     «ИСТИҚЛОЛИЯТ ҚУДРАТИ МИЛЛАТ»

 

 

Шоми  9-уми сентябри соли равон дар шаҳри Роғун бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар, муовинони Раиси шаҳр ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар майдони варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 чорабинии бошукӯҳ таҳти унвони «Истиқлолият қӯдрати миллат» бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз қабили пухту паз- нонҳои гуногун, кулчаҳои  калону майдаи пурнақш,  қаннодиҳо, гулдузиҳои гуногун, чубтарошӣ, ихтирокорӣ,  намудҳои меваҷот ва ғайра  дар растаҳо пешкаши тамошобинон гардонида шуданд. Мавриди зикр аст, ки сокинони шаҳри овозадори Роғун 30 солагии Истиқлолияти давлатиро  бо комёбиҳои беназир  истиқбол гирифтанд.

Таҳи давоми як соли охир шаҳри нурофари Роғун  бо бунёди  иншоотҳои таъиноташон гуногуни маишӣ, маъмурю истиқоматӣ, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бунёди боғу  таъмири роҳҳо ва садҳо дигар сохтмонҳои дар пешравии шаҳр муҳим арзёбандашаванда  симои назаррабою тоза ба бар кард.

Ҳамаи ин пешравию ободониҳо  бо ҷонибдории мардуми сарбаланди шаҳри Роғун аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳову тадбирҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба даст омадааст. Ёдавар мешавем, ки аз 7-уми сентябр оғоз шуда чорабиниҳои идона ба муносибати 30 солагии

Истиклолияти давлатӣ дар шаҳри Роғун идома дошт, ки  санаи 7-уми сентябр дар қасри фарҳанги шаҳр чорабинии тантанавию фарҳангӣ бо иштирокинамояндаи Ҳукумати кишвар, «Тоҷкстандарт»,  Роҳбарияти шаҳр баргузор гардид. Дар чорабинии номбурда Раиси шаҳри Роғун зимни суханронӣ  кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон, Роғун, меҳмонону ҳозиринро ба муносибати  30-юмин  солгарди ҷашни муқаддаси миллиямон  Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистони соҳибистиқлол  самимона табрику таҳният гуфта, оид ба пешравию бунёдкорӣ ва дастовардҳои 30 соли пурифтихори мамлакатамон аз ҷумла, дастоварди  бузурги  аср Нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун ибрози ақида намуданд.

Раиси шаҳр  чунин қайд намуданд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба истифода додани 2 агрегати НБО Роғун, ки агрегати 1-уми он моҳи ноябри соли 2018 ва агрегати 2-юми он моҳи сентябри соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар кушодашавии ин иншооти ҳаётан муҳим Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар ташриф оварда, ифтитоҳи расмии он тариқи беш аз 60 расонаҳоихабарии ҷаҳонӣ пахш карда шуд. Раиси шаҳр инчунин ҷиҳати ҳифзу нигоҳдории сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ  ва саҳм гузоштан дар ободонию пешравиҳои минбаъдаи  Тоҷикистони азиз ибрози ақида карда, ба  ҳар якшаҳрванди соҳибдилу озодаи мамлакат саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбиҳои беназирро таманно намуданд. Ҳамин тавр чорабиниҳои идона ба истиқболи ҷашни муҳими таърихии давлату миллатамон дар шаҳри Роғун  пай дар пай ва бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуданд.

Сармуҳаррири рӯзномаи «Нури Роғун»                  Давлатова Зебо