«Тоҷикон» ба шаҳри Роғун омад
Санаи 7 апрели соли ҷорӣ корвони китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба шаҳри Роғун бо теъдоди беш аз 6,8 ҳазор нусха ворид гардид. Қобили зикр аст, ки теъдоди воридшуда ба ҳар як хоҷагии шаҳр кофӣ мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ин мақсад гуруҳи корӣ таъсис дода аст. Гуруҳи корӣ фаъолияи худро аз замони воридшавии корвони китоб оғоз намудаанд. Ёдовар мегардем, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки бо мақсади омӯзиши таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонида, ба ҳар як оила кишвар дастрас намоянд. Дастрас гардидани ин китоб ба аҳолӣ яке аз иқдомҳои наҷибонаи Пешвои мауззами миллат ба ҳисоб рафта, сокинон низ бо хушнудии зиёд туҳфаи арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пазируфтанд.
Худойдодов А. Н. мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Добавить комментарий