Тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар шаҳри Роғун
Бо мақсади истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пурзӯр намудани тадбирҳо дар самти пешгирии паҳншавӣ ва сирояти нави коронавирус(COVID-19) тайи чанд рӯзи охир мулоқоти намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, директори Агентии Тоҷикстандарт Давлатзода Қ. Қ. бо сокинони ҷамоату деҳоти шаҳр, аз ҷумла, ҷамоати Қади Об, деҳаҳои Қалъаи Нав-1, 2, Чашмаи Кулло, ҷамоати шаҳраки Оби Гарм, деҳаҳои Дӯст Солеҳ, Деқонобод, Ҷамоати дењоти Сичароғ, деҳаҳои Ковокдара ва Саидон ва дигар минтақаҳои дурдасти шаҳри Роғун баргузор гардида истодааст.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, директори Агентии Тоҷикстандарт Давлатзода Қ. Қ. зимни мулоқотҳо ба сокинони шаҳри Роғун ҷиҳати ҳамкорӣ ва ташаббусу дастгириҳояшон дар самти пешбурди корҳои ободонӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди шаҳр изҳори сипос намуда, изҳор дошт, ки мардуми заҳматқарини тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон монеаҳои сахту сангинро убур намуда, тавонистанд, ки дар зарфи начандон тӯлонӣ Тоҷикистони азизро аз вартаи нобудӣ раҳонида, ба кишвари соҳибистиқлолу демократӣ ва ободу зебо табдил диҳанд. Имрӯз ҳамаи мо дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва бо итминони комил метавон гуфт, ки миллати тоҷик бори дигар иродаи устувор ва ташаббусу иқдомоти наҷибу созандаи худро собит намуда, ин ҷашни милливу давлатиро бо дастовардҳои арзанда таҷлил менамояд.
Таъкид гардид, ки ободиву зебоии деҳоту шаҳр аз ҳамкориву ҳамдилии сокинони он вобаста аст. Бо ин мақсад аз ҷониби роҳбари гурӯҳи корӣ пешниҳод гардид, ки тавассути ҳашарҳои умумӣ ва шанбегиҳои дастаҷамъона дар маҳалҳо корҳои созандагиву бунёдкорӣ, аз ҷумла бунёди иншооти маишиву ёрирасон, ба тартиб даровардани намои зоҳирии манзилҳои истиқоматӣ, шинонидани ниҳолҳо, гулу буттаҳо ва тозаву озода намудани маҳалли зист ба роҳ монда шавад.
Ҳамзамон Давлатзода Қ. Қ. оид ба тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва маърифатпарварӣ таъкид ба амал оварда, нақши ҷамъият, ходимони дин ва падару модаронро дар ин самт муҳим арзёбӣ намуд. Изҳор дошт, ки ҷавонон пешбаранда ва идомадиҳандаи кори неки падарон ва имрӯзу фардои давлату миллатанд, ба ин хотир дар доираи татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тарбияи дуруст ва ба таълими илмҳои замона фаро гирифтани онҳо вазифаи ҳамаи мост. Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти донишандӯзӣ, касбомӯзӣ ва китобхонии наврасону ҷавонон шароитҳои мусоид фароҳам овардааст. Дар ин росто падарону модарон ва устодону омӯзгоронро зарур аст, ки насли ҷавонро ба китобхонӣ ва омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ҷалб намоянд ва барои иштироки онҳо дар озмунҳои сатҳи милливу байналмилалӣ, ба монанди озмунҳои ҷумҳуривии “Фурӯғи субҳи дононӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, роҳбари гурӯҳи корӣ Давлатзода Қ. Қ. сафарбар намудани ҷавонони далеру муқтадирро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки хизмат ба Ватан, модар ва халқу диёр нишони мардонагӣ ва шуҷоату матонат аст. Тавассути ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илму дониш ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мо метавонем пеши роҳи шомилшавии онҳоро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бигирем ва дар бунёди ояндаи дурахшони фарзандонамон саҳмгузор бошем.
Дар идома роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба риояи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, самаранок истифода намудани қитъаи заминҳои наздиҳавлагӣ ва дигар масъалаҳои муҳим таъкидҳо ба амал оварда, сокинонро ба сарфаҷӯйӣ ва ободкориву созандагӣ даъват намуд.
Ҳамзамон Давлатзода Қ. Қ. вобаста ба масъалаи пешгирии паҳншавӣ ва сирояти нави пандемияи коронавирус (COVID-19) изҳори назар намуда, даъват ба амал овард, ки ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ бовар накарда, ба тозагӣ ва гигиенаи шахсӣ риоя карда шавад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки бо мақсади пешгирии сирояти нави коронавирус тадбирҳои зиддиэпидемикиро пурзӯр намуда, дар ҷойи кор, кӯчаву хиёбон ва ҷойҳои серодам аз ниқоб ва маҳлулҳои безараргардонӣ истифода карда шавад.
Мавриди зикр аст, ки Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, директори Агентии Тоҷикстандарт Давлатзода Қ. Қ. дар баробари вохӯриву мулоқоти судманд бо мардуми шаҳри Роғун манзилҳои истиқоматии сокинон, беморхонаҳо, бунгоҳу нуқтаҳои тиббӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва иншооти ҷашниро дидан намуда, ҷиҳати пурзӯр намудни тадбирҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, ба тартиб даровардани намои зоҳирии манзилҳои истиқоматӣ ва вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ пешниҳодҳои муфид дод.
Добавить комментарий