Иқдоми наҷибона ба хонаи бачагон
Дар арафаи соли нави мелодӣ санаи 18 декабри соли ҷорӣ бо дастгирии соҳибкор ва шахси саховатпеша Давлатов Шерзод ба хонаи бачагони шаҳри Роғун 31 адад сару либос ва пойафзол ба маблағи умумии 10000 сомонӣ ба таълимгириандагони ин муассиса тақдим гардид. Дар ин иқдоми хайрхохоҳона муовини раиси шаҳр Файззода Фирӯза Убайдулло, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун Давлатзода Махфират, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Худойдодов Абдулмумин, мудири шуъбаи маориф Шоев Сангалӣ, Раиси Ҷамоати деҳоти Қади Об Лашкаров Абдуруаҳим ва дигар намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ширкат варзиданд. Бояд тазаккур дод, ки дар хонаи бачагони шаҳри Роғун айни замон 31 нафар (аз ҷумла 8-нафар духтарон) ятимон, бепарасторон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ шаҳрҳои Роғун, Норак, Ҳисор ва ноҳияи Файзобод таълим мегиранд. Гуруҳи корӣ зимни суҳбат бо таълимгирандагон иброз намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин табақаи аҳолӣ бештар буда, Пешвои Муаззами миллат дар тамоми вохурию мулоқотҳояшон аз ин қишри ҷомеа ҷонибдорӣ менамоянд. Аз ин ҷост, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқдомҳои наҷибона роҳандозӣ мегарданд.
Добавить комментарий