Комиссияи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ 
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати
нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

        Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» фармон медиҳам:

  1. Интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо 1 марти соли 2020 таъин карда шавад.
  2. Интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 таъин карда шавад.
  3. Ба инобат гирифта шавад, ки интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» 1 марти соли 2020 гузаронида мешавад.

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

4 декабри соли 2019

№1380

 

 

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ  ВАКИЛОНИ  ХАЛҚИ   ШАҲРИ  РОҒУН ( ДАЪВАТИ V)   аз « 9 » декабри соли   2019, № 40

Дар бораи ташкил намудани Комиссияи шаҳрии  интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи  шаҳри Роғун   Мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷидистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», инчунин бо  пешниҳоди Раиси шаҳр ва таклифи сохтори маҳаллии ҳизби сиёсӣ дар қаламрави шаҳри Роғун иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри  Роғун даъвати панҷум, Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

  1. Комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун дар ҳайати 11 нафар ташкил карда шавад.
  2. Комиссияи мазкур вазифадор карда шавад:
  • дар аввалин маҷлиси худ раис, муовини раис ва котибро интихоб намуда, инчунин дар бораи ҳайат, нишон ва рақамҳои телефони худ тариқи рӯзномаи шаҳрии «Нури Роғун» ва сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун (www.roghun.tj) маълумот нашр намояд;
  • дар доираи ваколат фаъолиятро ҷиҳати таъмини иҷрои талаботҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба роҳ монад.
  1. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимии дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун вобаста ба масъалаи мазкур гузошта шавад.

                                                                                 Раиси Маҷлиси вакилони  халқи шаҳри Роғун  Сулаймонзода М. С.                                                                                                                                                                                  9 декабри соли 2019, №40    шаҳри Роғун

                                       

Рӯйхати ҳайати Комиссияи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун  

Р/т Насаб, ном, номи падар   Вазифа Вазифа, ҷойи кор (намуди фаъолият)
1. Аскаров Аҳмад Раиси Комиссия   Иқтисодчии ширкати ҶСП ИК «Тунел Садди Ориёно»
2. Қулов Саидмурод Муовини Раиси Комиссия Муҳосиби ҶСК «Тоҷик СГЭМ»
3. Зоидова  Адиба Котиби Комиссия   Омӯзгори МТМУ №2-и шаҳри Роғун
4. Зоидов Саъдихуҷа   Аъзо Сардори минтақавии ҶСК «Тоҷиктелеком»
5. Гадоев Саид Аъзо Директори идораи бойгонӣ
6. Касирова Раъногул Аъзо   Сардори бахши кадрҳои КВД «СОКО ва ХМК»
7. Хоҷаев Шарофиддин Аъзо Мутахассиси Агентии «Тоҷиксуғурта» дар шаҳри Роғун
8. Шарифзода Ҷунайдулло Аъзо Мудири шуъбаи сохтмони асосии МИҲД-и шаҳр
9. Раҳимов Абдулқосим Аъзо Директори мактаби мусиқии шаҳри Роғун
10. Мерганова Биясмо Аъзо Омӯзгори МТМУ№2-и шаҳри Роғун
11. Саъдуллоев Акаҷон Аъзо Сармуҳосиби бахши фарҳанги шаҳри Роғун

Суроғаи ҷойгиршавии Комиссияи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун: Маркази шаҳри Роғун, кӯчаи Сохтмончиён 54- (Меҳмонхонаи «Роғун») Телефон барои тамос: (83134) 22-6-56, 918767749  

Қарори

Комиссияи интихоботии шаҳри Роғун оид ба ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ дар қаламрави шаҳр доир ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун   Мутобиқи моддаи 7 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» Комиссияи интихоботии шаҳри Роғун  қ а р о р  м е к у н а д: Дар ҳудуди шаҳри Роғун 31 (сиву як) ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода шавад.

РӮЙХАТИ ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ОИД БА ИНТИХОБОТИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ РОҒУН

Рақами ҳавза Ҳудуди ҳавзаҳои интихоботӣ Шумораи овоздиҳандагон   Ҷойи ҷойгиршавӣ ва суроға
1. Кӯчаи Ҷавонон, хонаҳои  №7,8,14,16 ва 17, 793 Шаҳри Роғун МТМУ-№1
2. Кӯчаи Норакиён, хонаҳои №20,21,22,24 ва 25 949 Шаҳри Роғун МТМУ-№1
3. Кӯчаи Ҷавонон, хонаҳои № 27,28,29,31,32 ва 33 603 Шаҳри Роғун МТМУ-№1
4. Кӯчаҳои, Ҷавонон, Сохтмончиён, Норакиён хонаҳои  №34,35,36,37,74 ва 75 1034 Шаҳри Роғун МТМУ-№2
5. Кӯчаи Норакиён, хонаҳои №76, 77а, 77б, 77, Сари Қимиш ва Паси Муҳраҳо 815 Шаҳри Роғун МТМУ-№2
6. Кӯчаҳои биноҳои баландошёнаи №76а, 76б, 78, 78а, 78б 509 Шаҳри Роғун МТМУ-№2
7. Кӯчаҳои Майдони Майда, Майдони Калон, Майдони Нав, Каҷбед, Камари Муғул ва Печакзор 1361 Шаҳри Роғун Ҷойи ҷамъиятӣ
8. Кӯчаҳои 25 солагии Истиқлолият, хонаҳои №1,3,5,7,9,11 ва 17 962 Шаҳри Роғун Боғчаи бачагонаи «Офтобак»
9. Кӯчаҳои 25 солагии Истиқлолият, хонаҳои №8,10,12,14,16,18,  20 ва хобгоҳи 2, 4 1151 Шаҳри Роғун Боғчаи бачагонаи «Офтобак»
10. Қисми низомии 051058-и гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр 425 Шаҳри Роғун Қисми низомии 051058
11. Кӯчаҳои Ҳ. Зайд ва М. Турсунзода 678 Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм МТМУ-№3
12. Кӯчаи Сесанга 585 Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм МТМУ-№3
13. Кӯчаҳои О. Карим ва Лоҳутӣ 744 Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм МТМУ-№4
14. Кӯчаҳои Қ. Мавлонов Д. Солеҳ,  М. Ҳафизов, Роҳи Сафед ва Бозорак 726 Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм МТМУ-№4
15. Кӯчаҳои Дараи Тутак, Калтаҳо, Деҳи Мирзо, Девлохак ва Паси Мазор 1466 Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм МТМУ-№5
16.  Деҳаҳои Қандак, Қандаки Боло, Навобод ва Қандаки Куҳна 671 Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм МТМУ-№6
17. Деҳаҳои Лиҷак, Холи Парак, Абдулбобиён ва Қандаки Нав 803 Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм МТМУ-№6
18. Деҳаҳои Азизи Бодома, Деҳқонобод ва Қимичиён 752 Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм МТМУ-№7
19. Деҳаҳои Ковокдара, Деҳи Бустон  Қариғоч ва Муловалад 378 Ҷамоати деҳоти Сичароғ МТУА-№14
20. Деҳаҳои Луғури Боло, Луғури Поён, Шоҳи Аслон, Деҳи Алиша, Себнок, Зириён, Санги Сурх, Кори Шариф, Кали Бег, Мулои Гирдак, Калакон, Чашмаи Пирак ва Қариғоч 864 Ҷамоати деҳоти Сичароғ МТМУ-№37
21. Деҳаи Сайидон 279 Ҷамоати деҳоти Сичароғ МТМУ-№33
22. Деҳаҳои Ҷавони 1, Эшонон ва Сафедорон 966 Ҷамоати деҳоти Қади Об МТМУ-№17
23. Деҳаҳои Ҷавонӣ 2, Фақерон, Навобод ва Хуҷакалон 665 Ҷамоати деҳоти Қади Об Бумгоҳи тибии деҳаи Ҷавонӣ- 2
24. Деҳаҳои Чурақул, Шайдон, Гули Сурх, Ҳучак, Куҳсоро ва Каҷбед 265 Ҷамоати деҳоти Қади Об МТМУ-№31
25. Деҳаҳои Қади Об, Хубдара ва Бодомак 465 Ҷамоати деҳоти Қади Об МТМУ-№18
26. Деҳаҳои Пору, Навобод ва Чормағз 867 Ҷамоати деҳоти Қади Об МТМУ-№20
27. Деҳаҳои Фаррухон, Сангова, Ғофилобод, Ёнахш ва Ғашён 991 Ҷамоати деҳоти Қади Об МТМУ-№21
28. Деҳаи Чашмаи Кулло 1006 Ҷамоати деҳоти Қади Об МТМУ-№30
29. Деҳаи Қалъаи Нави 1 1172 Ҷамоати деҳоти Қади Об МТМУ-№28
30. Деҳаи Қалъаи Нави 2, 3 1063 Ҷамоати деҳоти Қади Об МТМУ-№28
31. Деҳаҳои Ёли Гармоба Дараи Себо ва  Уғридара, 290 Ҷамоати деҳоти Қади Об МТМУ-№8

  Раиси Комиссияи интихоботии шаҳри Роғун, Аскаров А. С. Котиби Комиссияи интихоботии шаҳри Роғун Зоидова А. Аз 16 декабри соли 2019, №3