Комиссияи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати
нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» фармон медиҳам:
- Интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо 1 марти соли 2020 таъин карда шавад.
- Интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 таъин карда шавад.
- Ба инобат гирифта шавад, ки интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» 1 марти соли 2020 гузаронида мешавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
4 декабри соли 2019
№1380
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ РОҒУН ( ДАЪВАТИ V) аз « 9 » декабри соли 2019, № 40
Дар бораи ташкил намудани Комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун Мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷидистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», инчунин бо пешниҳоди Раиси шаҳр ва таклифи сохтори маҳаллии ҳизби сиёсӣ дар қаламрави шаҳри Роғун иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун даъвати панҷум, Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
- Комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун дар ҳайати 11 нафар ташкил карда шавад.
- Комиссияи мазкур вазифадор карда шавад:
- дар аввалин маҷлиси худ раис, муовини раис ва котибро интихоб намуда, инчунин дар бораи ҳайат, нишон ва рақамҳои телефони худ тариқи рӯзномаи шаҳрии «Нури Роғун» ва сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун (www.roghun.tj) маълумот нашр намояд;
- дар доираи ваколат фаъолиятро ҷиҳати таъмини иҷрои талаботҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба роҳ монад.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимии дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун вобаста ба масъалаи мазкур гузошта шавад.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун Сулаймонзода М. С. 9 декабри соли 2019, №40 шаҳри Роғун
Рӯйхати ҳайати Комиссияи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун
Р/т | Насаб, ном, номи падар | Вазифа | Вазифа, ҷойи кор (намуди фаъолият) |
1. | Аскаров Аҳмад | Раиси Комиссия | Иқтисодчии ширкати ҶСП ИК «Тунел Садди Ориёно» |
2. | Қулов Саидмурод | Муовини Раиси Комиссия | Муҳосиби ҶСК «Тоҷик СГЭМ» |
3. | Зоидова Адиба | Котиби Комиссия | Омӯзгори МТМУ №2-и шаҳри Роғун |
4. | Зоидов Саъдихуҷа | Аъзо | Сардори минтақавии ҶСК «Тоҷиктелеком» |
5. | Гадоев Саид | Аъзо | Директори идораи бойгонӣ |
6. | Касирова Раъногул | Аъзо | Сардори бахши кадрҳои КВД «СОКО ва ХМК» |
7. | Хоҷаев Шарофиддин | Аъзо | Мутахассиси Агентии «Тоҷиксуғурта» дар шаҳри Роғун |
8. | Шарифзода Ҷунайдулло | Аъзо | Мудири шуъбаи сохтмони асосии МИҲД-и шаҳр |
9. | Раҳимов Абдулқосим | Аъзо | Директори мактаби мусиқии шаҳри Роғун |
10. | Мерганова Биясмо | Аъзо | Омӯзгори МТМУ№2-и шаҳри Роғун |
11. | Саъдуллоев Акаҷон | Аъзо | Сармуҳосиби бахши фарҳанги шаҳри Роғун |
Суроғаи ҷойгиршавии Комиссияи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун: Маркази шаҳри Роғун, кӯчаи Сохтмончиён 54- (Меҳмонхонаи «Роғун») Телефон барои тамос: (83134) 22-6-56, 918767749
Қарори
Комиссияи интихоботии шаҳри Роғун оид ба ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ дар қаламрави шаҳр доир ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун Мутобиқи моддаи 7 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» Комиссияи интихоботии шаҳри Роғун қ а р о р м е к у н а д: Дар ҳудуди шаҳри Роғун 31 (сиву як) ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода шавад.
РӮЙХАТИ ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ОИД БА ИНТИХОБОТИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ РОҒУН
Рақами ҳавза | Ҳудуди ҳавзаҳои интихоботӣ | Шумораи овоздиҳандагон | Ҷойи ҷойгиршавӣ ва суроға |
1. | Кӯчаи Ҷавонон, хонаҳои №7,8,14,16 ва 17, | 793 | Шаҳри Роғун МТМУ-№1 |
2. | Кӯчаи Норакиён, хонаҳои №20,21,22,24 ва 25 | 949 | Шаҳри Роғун МТМУ-№1 |
3. | Кӯчаи Ҷавонон, хонаҳои № 27,28,29,31,32 ва 33 | 603 | Шаҳри Роғун МТМУ-№1 |
4. | Кӯчаҳои, Ҷавонон, Сохтмончиён, Норакиён хонаҳои №34,35,36,37,74 ва 75 | 1034 | Шаҳри Роғун МТМУ-№2 |
5. | Кӯчаи Норакиён, хонаҳои №76, 77а, 77б, 77, Сари Қимиш ва Паси Муҳраҳо | 815 | Шаҳри Роғун МТМУ-№2 |
6. | Кӯчаҳои биноҳои баландошёнаи №76а, 76б, 78, 78а, 78б | 509 | Шаҳри Роғун МТМУ-№2 |
7. | Кӯчаҳои Майдони Майда, Майдони Калон, Майдони Нав, Каҷбед, Камари Муғул ва Печакзор | 1361 | Шаҳри Роғун Ҷойи ҷамъиятӣ |
8. | Кӯчаҳои 25 солагии Истиқлолият, хонаҳои №1,3,5,7,9,11 ва 17 | 962 | Шаҳри Роғун Боғчаи бачагонаи «Офтобак» |
9. | Кӯчаҳои 25 солагии Истиқлолият, хонаҳои №8,10,12,14,16,18, 20 ва хобгоҳи 2, 4 | 1151 | Шаҳри Роғун Боғчаи бачагонаи «Офтобак» |
10. | Қисми низомии 051058-и гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр | 425 | Шаҳри Роғун Қисми низомии 051058 |
11. | Кӯчаҳои Ҳ. Зайд ва М. Турсунзода | 678 | Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм МТМУ-№3 |
12. | Кӯчаи Сесанга | 585 | Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм МТМУ-№3 |
13. | Кӯчаҳои О. Карим ва Лоҳутӣ | 744 | Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм МТМУ-№4 |
14. | Кӯчаҳои Қ. Мавлонов Д. Солеҳ, М. Ҳафизов, Роҳи Сафед ва Бозорак | 726 | Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм МТМУ-№4 |
15. | Кӯчаҳои Дараи Тутак, Калтаҳо, Деҳи Мирзо, Девлохак ва Паси Мазор | 1466 | Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм МТМУ-№5 |
16. | Деҳаҳои Қандак, Қандаки Боло, Навобод ва Қандаки Куҳна | 671 | Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм МТМУ-№6 |
17. | Деҳаҳои Лиҷак, Холи Парак, Абдулбобиён ва Қандаки Нав | 803 | Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм МТМУ-№6 |
18. | Деҳаҳои Азизи Бодома, Деҳқонобод ва Қимичиён | 752 | Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм МТМУ-№7 |
19. | Деҳаҳои Ковокдара, Деҳи Бустон Қариғоч ва Муловалад | 378 | Ҷамоати деҳоти Сичароғ МТУА-№14 |
20. | Деҳаҳои Луғури Боло, Луғури Поён, Шоҳи Аслон, Деҳи Алиша, Себнок, Зириён, Санги Сурх, Кори Шариф, Кали Бег, Мулои Гирдак, Калакон, Чашмаи Пирак ва Қариғоч | 864 | Ҷамоати деҳоти Сичароғ МТМУ-№37 |
21. | Деҳаи Сайидон | 279 | Ҷамоати деҳоти Сичароғ МТМУ-№33 |
22. | Деҳаҳои Ҷавони 1, Эшонон ва Сафедорон | 966 | Ҷамоати деҳоти Қади Об МТМУ-№17 |
23. | Деҳаҳои Ҷавонӣ 2, Фақерон, Навобод ва Хуҷакалон | 665 | Ҷамоати деҳоти Қади Об Бумгоҳи тибии деҳаи Ҷавонӣ- 2 |
24. | Деҳаҳои Чурақул, Шайдон, Гули Сурх, Ҳучак, Куҳсоро ва Каҷбед | 265 | Ҷамоати деҳоти Қади Об МТМУ-№31 |
25. | Деҳаҳои Қади Об, Хубдара ва Бодомак | 465 | Ҷамоати деҳоти Қади Об МТМУ-№18 |
26. | Деҳаҳои Пору, Навобод ва Чормағз | 867 | Ҷамоати деҳоти Қади Об МТМУ-№20 |
27. | Деҳаҳои Фаррухон, Сангова, Ғофилобод, Ёнахш ва Ғашён | 991 | Ҷамоати деҳоти Қади Об МТМУ-№21 |
28. | Деҳаи Чашмаи Кулло | 1006 | Ҷамоати деҳоти Қади Об МТМУ-№30 |
29. | Деҳаи Қалъаи Нави 1 | 1172 | Ҷамоати деҳоти Қади Об МТМУ-№28 |
30. | Деҳаи Қалъаи Нави 2, 3 | 1063 | Ҷамоати деҳоти Қади Об МТМУ-№28 |
31. | Деҳаҳои Ёли Гармоба Дараи Себо ва Уғридара, | 290 | Ҷамоати деҳоти Қади Об МТМУ-№8 |
Раиси Комиссияи интихоботии шаҳри Роғун, Аскаров А. С. Котиби Комиссияи интихоботии шаҳри Роғун Зоидова А. Аз 16 декабри соли 2019, №3
Добавить комментарий