Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият
Тули 2 моҳи охир бахшида ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун корҳои ободонию бунёдкорӣ бо маром идома доранд. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни мазкур дар қаламрави шаҳр як қатор иншоотҳои маъмурию хизматрасонӣ қомат афрохта истодаанд. Дар радифи ба истифодадиҳии муҷассамаи ба номи И. Сомонӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ иншоотҳои дигар аз қабили чойхонаи миллӣ, истгоҳҳои замонавӣ, бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии деҳаи Деҳқонобод ва майдончаи варзишӣ дар кӯчаи Майдони Нав мавриди истифода қарор дода мешаванд. Боиси хурсандист, ки имрӯзҳо дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷашнро бо як эҳсоси баланди худшиносии миллӣ истиқбол мегиранд. Бояд тазаккур дод, ки шаҳри Роғун ба як шаҳри энергетикӣ ва нурафшон табдил ёфтааст, ки ин ҳам яке аз дастовардҳои даврони Истиқлолият ба ҳисоб меравад. Дар арафаи ҷашни мазкур кушодашавии агрегати дуюми неругоҳи барқии обии “Роғун” дар назар аст. Дар ифтитоҳи ин агрегат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ ширкат хоҳанд кард.
Таҳияи Комилзода Ҳавасмо Бегназар
Добавить комментарий