Озмуни “Хонаи бисёрошёнаи беҳтарин “

        Барои дар сатҳи хотирмон пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар кӯчаи 25 солагии Истиқлолияти шаҳри Роғун озмуни “Хонаи бисёрошёнаи беҳтарин” гузаронида мешавад. Бо ин мақсад санаи 26 августи соли ҷорӣ амри Раиси шаҳри Роғун   Дар бораи таъсиси Комиссияи шаҳрӣ оид ба муайян намудани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба пешвози 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  №193 ба имзо расид. Тибқи амри мазкур Комиссияи бо салоҳият иборат аз 9 нафар таъсис дода шуда, Низомнома ва ҷадвали баҳогузории он аз рӯи 16 шарт тасдиқ гардидааст. Озмуни “Хонаи бисёрошёнаи беҳтарин” дар арафаи ҷашни 28 солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст мегардад. Ғолибони озмунро Диплом ва мукофотҳои пулӣ ба маблағи умумии 23 000 сомонӣ интизор аст.