ЧОРАБИНИҲОИ ГУНОГУНИ ТАНТАНАВИЮ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ШАҲРИ РОҒУН БАРГУЗОР КАРДА ШУДАНД
Чорабинии идонаи Наврӯзӣ дар маркази шаҳри Роғун бо иштироки роҳбарияти шаҳр, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ташки
лоту муассисаҳои шаҳр, роҳбарони корхонаҳои сохтмонии НБО, меҳмонону кормандони касбу кори гуногун ва сокинони шаҳр баргузор карда шуд. Сараавал қисми намоишии чорабинӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии маркази шаҳр бо намоиш гузоштани ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии хоси ҷашни Наврӯзӣ доир шуда, қисми тантанавию фарҳангӣ дар майдони варзишии муассисаи таълимӣ рақами ду бо суханронии табрикотии раиси шаҳр ва намояндаи ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор карда шуд.
Пас аз қадрдонии як зумра фаъолон, барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун чорабиниҳои гуногуни идона бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ баргузор карда мешаванд.

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
