БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲО ВА КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР САМТИ РУШДИ ИҶТИМОӢ, ТАҲКИМИ РОБИТА БО ҶОМЕА ВА ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ИДЕОЛОГӢ ДАР ДЕҲАИ ҚАЛЪАИ НАВ,ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҚАДИ ОБИ ШАҲРИ РОҒУН РОҒУН
Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, чорабинӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ҳамзамон тақвияти корҳои идеологӣ бо усули деҳа ба деҳа бо сокинон дар деҳаи Қалъаи Нави Ҷамоати деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун баргузор шуд. Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр соҳаи идеологӣ, Комиссари ҳарбии шаҳри Роғун, масъулини соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, соҳаи дин ва танзими ҷашну маросим, маориф, фарҳанг, ҷавонон, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, бехатарии озуқаворӣ, сохтмон, раиси ҷамоат, нозирони минтақавӣ, раисони шӯрои маҳаллаҳои ҷамоат, аъзои гурӯҳи кории комиссияи давъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар масъулини дахлдор иштирок карда, оид ба мавзӯъҳои рӯзномаи маҷлис ва дигар мавзӯҳои дахлдори ҳаёти ҷомеа ба ҳозирин суханронӣ карданд. Мавриди зикр аст, ки дар мулоқотҳои мазкур ҳамзамон расонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон бармеоянд, инчунин оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгири ҷинояткории наврасону ҷавонон, пешгирии терроризму экстремизм дар миёни шаҳрвандон, риояи санадхои меъёри ҳуқуқӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд. Дар ин вохӯри ҳамзамон, оид ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими ҷашну маросим, маориф, ҷавонон ва сиёсати давлатии чавонон, дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дар соҳаи худидораи шаҳрак ва деҳот, таҳкими корҳои идеологӣ, сиёсати давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва муҳоҷират, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, истифодаи дурусти қувваи барқ, пешгирии дигар омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва терроризму экстремизм, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, инчунин дигар корҳои ободонӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун ва дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа суханронӣ карда шуд. Дар маҷлиси мазкур оиди иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 феврали соли 2026 таҳти рақамӣ 1143 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбе, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ба аъзои гурӯҳи кории комиссияи давъватӣ, Шӯрои маҳаллаҳо ва фаъолони деҳаи мазкур фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд. Дар ин вохури, инчунин оиди боз ҳам баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, пешгирии омилҳои ифротгароӣ, баланд бардоштани фарҳанги миллӣ, тозагию ободкории дар маҳалли зист, тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ, ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои ободонӣ дар соли 2026 дар шаҳри Роғун суҳбат ва таклифу пешниҳоди созанда ироа карда шуданд.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
