ЧОРАБИНИИ ОБОДОНӢ ВА НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШАҲРИ РОҒУН БАРГУЗОР КАРДА ШУД
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади кабудизоркунӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар як гӯшаи Ватани азизамон чорабинии оммавии дарахтшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаффати шоҳроҳи Ҷамоати деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун бо ҷалби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ташкилоту муассисаҳо ва фаъолон аз шӯрои маҳаллаҳо доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони ташкилоту корхонаҳо, фаъолон ва намояндагон аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок карданд. Албатта ин чорабинӣ бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори соҳа бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои “Барномаи кабудизоркунӣ дар шаҳри Роғун” доир карда шуд. Мавриди зикр аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо ҷалби фаъолони ҷомеа бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот чунин чорабиниҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ минбаъд низ баргузор карда мешавад.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
