БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲО ВА КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР САМТИ РУШДИ ИҶТИМОӢ, ТАҲКИМИ РОБИТА БО ҶОМЕА ВА ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ИДЕОЛОГӢ ДАР МИЁНИ СОКИНОНИ ДЕҲАИ ҚАЛЪАИ НАВ
Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, чорабинӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ҳамзамон тақвияти корҳои идеологӣ бо усули деҳа ба деҳа бо сокинон, дар деҳаи Қалъаи Нави Ҷамоати деҳоти Қади Об баргузор шуд. Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр соҳаи идеологӣ, масъулини бахши дин танзими анъана ва ҷашну маросим, ҷамоати деҳот ва дигар масъулини дахлдор иштирок карда, оид ба мавзӯъҳои дахлдори ҳаёти ҷомеа ба ҳозирин суханронӣ карданд. Мавриди зикр аст, ки дар мулоқотҳои мазкур ҳамзамон расонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон бармеоянд, инчунин оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгири ҷинояткории наврасону ҷавонон, пешгирии терроризму экстремизм дар миёни шаҳрвандон, риояи санадхои меъёри ҳуқуқӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷӯҳ карда шуд. Дар ин вохӯри ҳамзамон, оид ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросим, маориф, ҷавонон ва сиёсати давлатии чавонон, дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дар соҳаи худидораи шаҳрак ва деҳот, таҳкими корҳои идеологӣ ва робита бо ҷомеа, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати ҳуқи ҷомеа, истифодаи дурусти қувваи барқ, пешгирии дигар омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва дигар корҳои ободонӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун ва дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа суханронӣ карда шуд. Дар ин вохӯрӣ, инчунин оиди боз ҳам баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ, ҷашни 35-солагии бо Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои ободонӣ дар соли 2026 дар шаҳри Роғун сӯҳбат карда шуд.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
