БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУНАТОМЕЗ” БО ҶАВОНОН
Имрӯз дар асоси нақшаи чорабиниҳои охирин муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун бо иштироки ёрдамчии Прокурори шаҳри Роғун Усмонзода Гулчеҳра, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун Қосимзода Нусратулло масъулини бахши кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, омӯзгорон ва донишҷӯён чорабинии фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар асоси нақшаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти дахлдор роҳандозӣ шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва масъулияти шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм арзёбӣ мегардад. Зимни баргузории чорабинӣ баромадкунандагон доир ба оқибатҳои номатлуби ин зуҳуроти ифротгароӣ, пешгирии роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, инчунин таҳкими худшиносии миллӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд. Дар анҷом иштирокчиён ба зарурати ҳамкории зичи ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ ҷиҳати муборизаи муассир бар зидди терроризм ва экстремизми хушунатомез таъкид карданд.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
