ВОХУРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУНАТОМЕЗ” ДАР ШАҲРАКИ ОБИ ГАРМ ДОИР КАРДА ШУД
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи шаҳри Роғун бахшида ба таҷлили “Рӯзи байналмиллалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад” дар шаҳраки Оби Гарми шаҳри Роғун чорабинии фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд. Дар чорабинии баргузоркардашуда Шарафзода Б.-муовини раиси шаҳри Роғун, Усмонзода Гулчеҳра-ёрдамчии Прокурори шаҳри Роғун, Қосимзода Н.-раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун ва Аҳмадзода Ҳ.-сардори шуъбачаи ШВКД-и шаҳри Роғун дар шаҳраки Оби Гарм иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиши мазкур, инчунин аъзоёни гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун вобаста ба пешгирии терроризму экстремизм, роҳбарони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи раиси шаҳр, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шӯрои маҳаллаҳо, шӯрои собиқадорон, шӯрои кор бо занон ва кор бо ҷавонон, ходимони дин, масъулини соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг ва маориф иштирок карданд. Ба ҳозирин, оид ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо ин зуҳуроти хатарзо, яъне терроризм ва экстремизм, оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулгардида дар ин самт, нақшаи чорабиниҳои “Стратегияи муқовимат бо экстремизму терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, пешгирии омилҳои эктремизми хушунатомез, пешгирии ифротгароии динӣ, пешгирии ҷиноятҳои марбут ба экстремизм, амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ва дигар омилҳои номатлуби ин зуҳуроти хатарзои иҷтимоӣ бо суханрониҳои муфид ба аҳли нишаст фаҳмонида шуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун тибқи нақшаи чорабиниҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста ба ин мавзӯъ корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои оммавӣ ва варзишӣ, мулоқоту вохӯриҳо ва ҳамоишу конфренсияҳои илмию назариявиро дар миёни шаҳрвандон роҳандозӣ менамояд.

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
