ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОМИЛИ РУШДУ ИНКИШОФИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ!

  Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи шаҳри Роғун имрӯз вохӯрии раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло ва Прокурори шаҳри Роғун Сафарзода Бахтибек бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки сокинони шаҳраки Оби Гарм, масъулини дахлдор аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шӯрои маҳаллаҳо, ташкиллоту корхонаҳо ва фаъолони шаҳр доир карда шуд. Дар вохӯрии мазкур ҳамзамон, муовинони раиси шаҳри Роғун, кормандону масъулини дастгоҳи раиси шаҳр, шӯроҳои ҷамъиятӣ, сардори ШКДАМ ҶТ дар шаҳри Роғун Ғаниев О., сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Роғун Файзуллозода И., аъзоёни шӯрои собиқадорон, ходимони дин, масъулини соҳаҳои ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, маориф, фарҳанг ва робита бо ҷомеа иштирок доштанд.

Дар вохурии мазкур раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло маърӯзаи худро дар заминаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки оиди “Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардида буд, вобаста ба самтҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, илму маориф, рушди соҳаи саноат, самтҳои кор бо занон ва ҷавонон, кишоварзӣ, сайёҳӣ, идеологияи миллӣ, ҳифзи таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои ҳаёти ҷомеа суханронии карда шуд. Раиси шаҳр инчунин оид ба рушди деҳот, рушди низоми маориф ва фарҳанг, тақвияти корҳои ободонӣ дар маҳал, бунёди муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимӣ дар деҳот, бунёди инфрасохтори хизматрасонӣ, бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои соҳавӣ, ҷалби сармоягузорӣ бо мақсади рушди саноати миллӣ, рушди соҳаи энергетика ва риояи қонунгузории соҳаи энергетика дар шаҳр, пешгирии талафоти барқ, тақвияти корҳои ободонию созандагиҳо дар шаҳр ва дигар масъалаҳои шаҳрдорӣ суханронӣ доир намуданд. Сафарзода Бахтибек-Прокурори шаҳри Роғун маърӯзаи худро дар заминаи Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа намуда, ба масъалаи риояи ҳатмии қонунгузорӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҷомеа, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, ҷинояткорӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ, донистани ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллатамон, ки дар Паёми навбатӣ дарҷ шудаанд, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва дигар мавзӯҳои мубрами ҳаёти иҷтимоию ҷамъиятӣ суханронӣ намуданд. Дар хотима, раёсат оиди ҳадафҳои асосии паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва махсусан аз ташаббусҳои байналмилалии Роҳбари давлатамон дар арсаи байналмилалӣ бо далелҳои возеҳ ба ҳозирин суханронӣ намуда, инчунин вобаста ба иҷрои Нақшаи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ва дигар мавзӯъҳои мубрами ҳаёти шаҳрдорӣ сӯҳбати муфид гузаронида шуд.

Бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун