НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ РОҒУН БАРГУЗОР КАРДА ШУД
Дар нишасти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони ташкиллоту корхонаҳо, муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва масъулини мақомотҳои дахлдори соҳа иштирок карданд.
М
авриди зикр аст, ки дар нишасти матбуотии мазкур ҳамзамон хабарнигорон аз васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ иштироки фаъолона доштанд. Баъд аз пешниҳоди ҳисоботи мухтасар оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Роғун дар соли 2025, сипас ба саволҳои пешниҳодшуда аз ҷониби роҳбарияти мақомоти шаҳрдорӣ ва роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ҷавоб гардонида шуда, дар маҷмӯъ нишасти матбуотии мазкур бо натиҷагирӣ аз натиҷаҳои баланди меҳнатӣ ва дастовардҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун ҷамъбаст карда шуд.

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
