САДА  ҶАШНИ МУЛКИ НОМДОР  АСТ !

 Ҷашни Сада яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёи ба шумор меравад, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз ҳамчун рамзи нӯр, гармӣ ва пирӯзии рӯшнои бар торикӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн ҳамасола дар охири моҳи январ ва авали моҳи феврал ҷашн гирифта мешавад ва бо фаро расидани гарми ва омад омади фасли Боҳор ишора мешавад. Тибқи ривоятҳои таърихӣ, ҷашни Сада ба подшоҳии афсонавӣ Ҳушанг нисбат дода мешвад. Гуфта мешавад, ки Ҳушанг  ҳангоми бархӯрди ду санг оташро афрухт ва аз ҳамон замон  инҷониб ин ҷашн ҳамчун шукргузорӣ аз гармӣ ва рушнои ҷашн гирифта мешавад. Дар ҷашни Сада одамон оташи баланд меафрӯзанд, гирди он ҷамъ омада суруд мехонанд, рақсу бози намуда орзуҳои неки худро баён менамоянд. Оташ дар ин ҷашн ҳамчун рамзи покӣ, ҳаёт ва умед ба ояндаи нек мебошад. Имрӯз ҷашни Сада ҳамчун қисми муҳими мероси фарҳангии миллати тоҷик ва дигар халқҳои форсизабон эҳё гардида, ки дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба табиат ва арзишҳои инсондустӣ нақши муҳим мебозад. Дар замони муосир, таҷлили ҷашни Сада аҳамияти тарбияви низ дорад. Он ҷавононро ба дӯст доштани таърих, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ҳифзӣ мероси фарҳангӣ ҳидоят мекунад. Бо эҳёи чунин ҷашнҳо, насли имрӯз бо гузашта пайваст шуда, ба оянда бо бовари  қадам мегузорад. Ҷашни Сада моро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва қадршиносии нур ва гарми даъват мекунад ва хотиррасон мекунад, ки ҳатто дар сардтарин рузҳо низ умед ба равшанӣ вуҷуд дорад.

                             Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

                            Ки аз вай ҷаҳон гашт  пур аз фурӯғу нор.

                            Сада ҷашни мулуки номдор аст,

                            Аз ойини эшон падидор аст.

Ҳамин тавр, ҷашни Сада ҳамчун рамзи нур, умед ва ваҳдати инсон бо табиат то имрӯз аҳамияти худро гум накардааст ва ҳамеша дар қалби мардум чойгоҳи махсус дорад.        

 

 

Мутахассиси пешбари бахши кишоварзии МИҲД-и ш. Роғун                       Қаландарзода Баҳриддин