ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲУҶҶАТИ РОҲНАМО ВА БАРНОМАИ РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ МО ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ МЕБОШАД!
Рӯзи 16 декабри соли 2025 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид. Воқеан, Паём фарогири таҳлилҳои амиқ ва шарҳу тавзеҳи мукаммал буда, масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва идеологии кишварро дар бар гирифтааст. Хушбахтона имрӯзҳо Ватани азизамон, ба шоҳроҳи бузурги тараққиёт ва тақвияти рушди босубот ворид гардидааст, ки натиҷаи ин гуфтаҳо ба таври пурра ва возеҳу равшан дар Паём зикр гардидаанд. Пешвои миллат, зимни ироаи Паём иброз доштанд, ки соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид. Аз оғози соли 2025 дар кишвари азизамон чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ, аз ҷумла интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вакилони халқ, вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва интихоботи узви нави Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандон баргузор карда шуд. Қабул ва эълон намудани Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ руйдоди муҳими таърихӣ мебошад, ки ин иқдоми шоиста, дар доираи ташаббуси байналмилалии Роҳбари давлатамон “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ва таҳкими робитаҳои дустонаи халқҳои се кишвари дусту ҳамсояи Осиёи Марказӣ, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон арзёбӣ мегардад. Дар соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро дар шаҳри Душанбе баргузор намуд, ки ин бори дигар ташаббускорӣ ва баланд гардидани эътибори давлати соҳибистиқлоли моро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Дар баробари дигар дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ, соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди мо ҳар сол ба ҳисоби миёна то 7,6 фоиз афзоиш ёфтааст ва барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардидааст. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд, ки ин нишондиҳанда, бозгӯи возеҳи рушди устувори кишвар мебошад. Дар робита ба ин, дар Паём дарҷ гардидааст, ки бо вуҷуди тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳарорати баланди ҳаво соли 2025 дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони мамлакат суръати рушди соҳаи кишоварзӣ ба 8,5 фоиз расида, фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин карда шуд. Ҳамчунин, сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардидааст. Ин нишондиҳандаҳо бозгуи дуруст амалӣ намудани сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масъулин, кишоварзону хоҷагидорон, фаъолони ҷомеаи кишвар ва мардуми кишвар мебошад. Дар заминаи Паём, қайд намудан ба маврид аст,ки рӯзи 12 декабри соли 2025 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд. Бо ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид. Илова бар ин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад. Он ҳам боиси ифтихор аст, ки ки 12 декабри соли 2025 бо иқдоми Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид. Албатта, пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои созандаи кишварамон оид ба масъалаҳои мубрами глобалӣ ба ҳисоб меравад. Моҳиятан, назар намоем, Пешвои миллат, таъкидашон бар он буд, ки ин дастовардҳои таърихию фарҳангӣ ва сиёсӣ бо шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвари азизамон ба даст омада, ҳамчун соли бобарор арзёбӣ мешавад, ки ин боиси истиқболу ифтихори мо тоҷикон мебошад ва аз ҷониби дигар моро водор месозад, ин ташаббусҳои Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллатро, ки дар дохили кишвар ва дар сатҳи ҷаҳонӣ эътибори баланд доранд, пеш аз ҳама донем, дарк намоем, онҳоро тарғибу ташвиқ намоем ва ҳамзамон ба мардум дуруст фаҳмонем. Маврид ба зикр аст, ки Пешвои миллат барои боз ҳам баланд бардоштани нақши маориф дар ҷомеа тавсияҳои муҳим ироа намуда, масоили рушди маориф, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои миёна ва олии кишварро махсусан таъкид намуданд. Таваҷҷуҳи вижаи роҳбари давлат ба соҳаи илму маориф далели он аст, ки ҳалли мушкилоти соҳаи мазкур дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар қарор дорад. Чи тавре Пешвои миллат, дар паёмашон баён доштанд, ки “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям”. Ин мо масъулини соҳа, аҳли илму маорифро водор месозад, ки дар раванди таълим нисбати баланд бардоштани сатҳи маърифати толибилмон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, илмҳои дақиқ ва технологияи муосир диққати бештар равона сохта, насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳанги бостонӣ, ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ ва арҷ гузоштан ба мероси пурғановати ниёгон тарбия намоем. Илова бар ин, насли наврасро дар руҳияи ватандустию ифтихори миллӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия кардан вазифаи авалидараҷаи волидону омӯзгорон ва аҳли ҷомеа мебошад. Зиёд намудани музди маоши кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, алалхусус омӯзгорон, кормадони соҳаи илм дар чунин шароит, ки вазъи молиявии буҳронӣ ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтааст, бори дигар аз сиёсати оқилонаю маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад. Дар Паём дарҷ шудааст, ки бо мақсади ҷалби шаҳрвандон ба китобхонӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд. Дар ин давра 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд. Дар баробари ин дар заминаи ташабусҳои хирадмандонаи Роҳбари давлатмаон озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикитон-Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» ва дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ гардидаанд, ки ба баланд гардидани дониш ва маърифати ахлоқии сокинон мусоидат менамояд. Махсус таъкид кардан ба маврид аст, ки ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, таъмини амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, пешгирии ифротгароии хушунатомези динӣ, омилҳои номатлуби иҷтимоӣ ва таъмини волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад. Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон медиҳад, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем. Албатта, дар Паём оид ба самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва махсусан рушди устувори кишвар таҳлил ва масъалагузориҳои дақиқ амалӣ шудаанд, ки татбиқи он вазифаи ҳамаи мо шаҳрвандон ва фаъолони ҷомеа мебошад. Махсусан аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», иқдоми муҳиму шоиста, барои истиқбол ва таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ташаббуси созанда моро вазифадор менамояд, ки ҷашни муқаддаси миллиямонро бо омодагии ҳамаҷониба дар сатҳи баланд баргузор намоем. Дар маҷмуъ Паём як ҳуҷҷати раҳнамо, барномаи рушд ва маҷмуи нақшаву ниятҳои давлату ҳукумати кишвар барои ояндаи наздик мебошад, ки амалӣ гардидани он аз меҳнату заҳмати ҳаррӯзаи мову Шумо вобастагии амиқ дорад. Тавре, ишора кардем ҳифзи арзишҳои олии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дастовардҳои он, сулҳу оромӣ суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ин қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди бо нангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти тоҷик буда, дар шароити ҷаҳони муосир танҳо бо тарбияи насли ояндасоз дар руҳияи Ватансозию ватандӯстӣ, худогоҳию худшиносии миллӣ, инчунин фаъолияти созанда ва садоқатмандона дар ободию бунёдкории Ватани азизамон-Тоҷикистон саҳмгузорӣ намоем.
Баҳром Шарафзода, Муовини раиси шаҳри Роғун.
