ЧОРАБИНИИ ДАСТАҶАМЪОНАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШАҲРИ РОҒУН  БАРГУЗОР КАРДА ШУД

Дар доираи нақшаи корҳои ободонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун оид ба ниҳолшинонӣ, инчунин сарсабзу хуррам намудани ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар атрофи роҳи байналмилалӣ ва дигар мавзеъҳои шаҳр бо иштироки роҳбарияти шаҳри Роғун чорабинии дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ ва оммавӣ бо ҷалби кормандон, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолони шӯроҳои маҳаллаҳо доир карда шуд.

Дар ин чорабинии оммавӣ дар шаффати роҳи байналмилалӣ ва роҳҳои дохили ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин дигар мавзеъҳои муайяншуда, бо истифода аз ҳавои мусоид дарахтони гуногуни мевадиҳанда ва сояафкан шинонида шуданд. Дар доираи нақшаи корҳои ободонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба ифтихори ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай ин гуна чорабиниҳои оммавӣ ва дастаҷамъонаи ободонии мақомот мунтазам роҳандозӣ мегардад.