ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ДАР ДЕҲАИ ҚАНДАКИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ОБИ ГАРМ ДОИР КАРДА ШУД

 Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун имрӯз вохӯрти гурӯҳи корӣ ҷиҳати расонидани Паёми пурмӯҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки сокинони деҳаи Қандаки Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм доир карда шуд. Дар вохурии мазкур маърӯзаҳои аъзоёни гурӯҳи корӣ Қосимзода Н.-раиси КИ ҲХДТ, Комилзода С.-муовини сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Роғун, Аламзода З.-раиси Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм ва дигар иштирокчиён дар заминаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки оиди “Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардида буд, вобаста ба самтҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, илму маориф, саноат, занону ҷавонон, кишоварзӣ, сайёҳӣ, идеологияи миллӣ, ҳифзи таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ободонию созандагиҳо, худогоҳиву худшиносии миллӣ ва дигар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа маърӯзаҳо ироа гардиданд.  

Бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун