ВОХӮРИИ РАИСИ ШАҲРИ РОҒУН САИДЗОДА СУНЪАТУЛЛО БО РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲО, КОРХОНАҲО, ШӮРОИ МАҲАЛЛАҲО ВА ФАЪОЛОНИ ШАҲР ДОИР КАРДА КАРДА ШУД
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун имрӯз вохӯрти гурӯҳи корӣ ҷиҳати расонидани Паёми пурмӯҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки сокинон дар толори маҷлисгоҳи мақомот дар кӯчаи Сохтмончиёни шаҳри Роғун доир карда шуд. Дар вохурии мазкур раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло маърӯзаи худро дар заминаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки оиди “Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардида буд, вобаста ба самтҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, илму маориф, рушди соҳаи саноат, самтҳои кор бо занон ва ҷавонон, кишоварзӣ, сайёҳӣ, идеологияи миллӣ, ҳифзи таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои ҳаёти ҷомеа суханронии карда шуд.
Дар ин вохури ҳамзамон, оид ба рушди деҳот, рушди низоми маориф ва фарҳанг, тақвияти корҳои ободонӣ дар маҳал, бунёди муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимӣ дар деҳот, бунёди инфрасохтори хизматрасонӣ, бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои соҳавӣ, ҷалби сармоягузорӣ бо мақсади рушди саноати миллӣ, рушди соҳаи энергетика ва риояи қонунгузории соҳаи энергетика дар шаҳр, пешгирии талафоти барқ, тақвияти корҳои ободонию созандагиҳо дар шаҳр ва дигар масъалаҳои шаҳрдорӣ суханронӣ доир намуданд. Дар хотима, раиси шаҳри Роғун оиди ҳадафҳои асосии паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва махсусан аз ташаббусҳои байналмилалии Роҳбари давлат бо далелҳои возеҳ суханронӣ намуда, инчунин вобаста ба қабули Барномаи нави рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун, иҷрои Нақшаи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ва амалӣ намудани дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеоянд, вазифаи асосии мо шаҳрвандон ва махсусан ҳар яки мо хизматчиёни давлатӣ, инчунин сокинони ватандӯсти шаҳри Роғун мебошад.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
