ПАЁМ: ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ЧАШМАИ КУЛЛОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҚАДИ ОБ ДОИР КАРДА ШУД

 Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун имрӯз вохӯрти гурӯҳи корӣ ҷиҳати расонидани Паёми пурмӯҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки аҳолии деҳаи Чашмаи Кулло доир карда шуд. Дар вохури маърӯзаҳои аъзоёни гурӯҳи корӣ дар заминаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки оиди “Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардида буд, вобаста ба самтҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, илму маориф, саноат, соҳаҳои кор бо занону ҷавонон, кишоварзӣ, сайёҳӣ, идеологияи миллӣ, ҳифзи таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ободонию созандагиҳо, таҷлили сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026, инчунин дигар самтҳои гуногун маърӯзаҳо ироа гардиданд.

 Бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун