ПАЁМ: ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ШОҲИ АСЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СИЧАРОҒ ДОИР КАРДА ШУД
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун имрӯз вохӯрти гурӯҳи корӣ ҷиҳати расонидани Паёми пурмӯҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки аҳолии деҳаи Шоҳи Аслон доир карда шуд.
Дар вохури маърӯзаҳои аъзоёни гурӯҳи корӣ дар заминаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки оиди “Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардида буд, вобаста ба самтҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, илму маориф, саноат, занону ҷавонон, кишоварзӣ, сайёҳӣ, идеологияи миллӣ, ҳифзи таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таҳкими тарбияи ватандӯстӣ ободонию созандагиҳо ва дигар самтҳои гуногун маърӯзаҳо ироа гардиданд.
Бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун
