ТАМОШОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ  ШАҲРИ РОҒУН

 Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун тамошои якҷояи ҳайати кормандон, роҳбарияти шаҳр ва дигар масъулини мақомоти иҷроия ташкил карда шуд. Роҳбарияти шаҳр Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона тамошо карданд. 

Ҳамчунин, паёми Роҳбари давлатро дар ҳамаи ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои шаҳр тамошои дастаҷамъона ба роҳ монда шуда, инчунин дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пахши мустақими телевизионӣ ва радиоӣ низ аз ҷараёни паём гузориши мустақим пахш намуданд, ки дар ин радиф сокинону истиқоматкунандагон ва ҳар як оила, аз ҷараёни паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огоҳ гардиданд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамои фаъолияти корӣ ва сиёсии давлатӣ арзёбӣ мегардад. Ҳамаи хизматчиёни давлатӣ, фаъолон ва сокинони шаҳри Роғун барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои дар он баёнгардида ва ҷиҳати рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Ватани азизамон фаъолияти худро ба роҳ мемонданд.

 

Бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун.