МУЛОҚОТИ РОҲБАРИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ РОҒУН БО НАМОЯНДАГОНИ “МАРКАЗИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ ДАСТРАСӢ БА МАБЛАҒГУЗОРИИ САБЗ ВА МАБЛАҒҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ” ДОИР КАРДА ШУД

 Дар доираи ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби соҳибкорон, бахши хусусӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулини дахлдор вохӯрии корӣ дар толори калони мақомоти шаҳрдорӣ баргузор карда шуд. 

Мулоқоти кориро раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло оғоз намуда, ҳозиринро барои ташрифашон ба шаҳри Роғун хушомадед гуфтанд. Роҳбарияти шаҳр омодагиҳои мақомотро барои ҳамкориҳои оянда ҷиҳати рушди деҳот баён доштанд. Баъдан аз ҷониби намояндагони Марказ ҳадафу мақсадҳо ва имкониятҳои ҳамкориҳои ин маркази маблағгузориро бо мисолҳои возеҳ вобаста ба самтҳо пешниҳоди ҳозирин карданд.

Бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун.