МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲР ВА ГУРӮҲИ КОРӢ БО УСУЛИ “ДЕҲА БА ДЕҲА” ВА “МАҲАЛЛА БА МАҲАЛЛА” БО МАСЪУЛИН, ФАЪОЛОН ВА СОКИНОНИ КӮЧАҲОИ МАРКАЗӢ ШАҲРИ РОҒУН
Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, чорабинӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ҳамзамон тақвияти корҳои идеологӣ бо усули “Деҳа ба деҳа” ва “Маҳалла ба маҳалла” бо сокинону истиқоматкунандагони кӯчаҳо ва маҳаллаҳои марказии шаҳр, волидайни хонандагон, масъулини соҳаи идеологӣ, аъзоёни гурӯҳи кории соҳаи идеологӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шӯрои маҳаллаҳо, соҳибкорони фаъол, ходимони дин, масъулини соҳаи маориф, ҷавонон ва варзиш, соҳибкорону кишоварзони муваффақ ва дигар масъулини дахлдор дар толори Қасри фарҳанги шаҳр баргузор карда шуд. Дар чорабинии баргузоргардида раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, Шарафзода Б.-муовини раиси шаҳр соҳаи идеологӣ, Назарзода А.-раиси Суди шаҳри Роғун, Файзуллозода И.-сардори ШВКД дар шаҳр, масъулини соҳаи маориф, масъулини муассисаҳои таълимӣ, шӯроҳои маҳаллаҳо, нозирони минтақавӣ, ходимони дин, шӯрои волидайн, падару модарони хонандагон ва дигар масъулини дахлдор иштирок карданд. Дар оғози чорабинӣ раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло ҳозиринро ба ифтихори ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд. Дар идома раиси шаҳр, сардори ШВКД дар шаҳр ва муовини раиси шаҳри соҳаи идеологӣ оид ба мақсаду ҳадафи вохӯрии баргузоршуда ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаи шаҳр суханронӣ карданд.
Дар ин мулоқот, пеш аз ҳама оид ба расонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти корҳои ободонию созандагӣ, ҳифзи арзишҳои Истиқлолият, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва истеҳсолӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва илму маориф суханронӣ карда шуд. Дар идомаи чорабинии фаҳмондадиҳӣ, вобаста ба пешгири ҷинояткорӣ ва терроризму экстремизм дар миёни шаҳрвандон, риояи санадхои меъёри ҳуқуқӣ дар соҳаи энергетика, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи танзим ва ҷашну маросим, кор бо дин, маориф, ҷавонон ва варзиш ва таҳкими корҳои идеологӣ ва робита бо ҷомеа таваҷҷуҳ карда шуд. Дар чорабинӣ оид ба маърифати баланди шаҳрнишинӣ, тарбияи ҷавонон, ташвиқи илму дониш, таҳкими дуст доштани Ватан, омӯзиши ҳамаҷониба ва содиршавии ҷиноятҳои ноболиғону ҷавонон ва пешгирии онҳо, инчунин пешгирии ҷудошавии оилаҳо ва пешгирии таълимоти ғайриқонунӣ диннӣ дар миёни шаҳрвандон суханрониҳои таҳлилӣ ироа шуданд. Дар мулоқоти мазкур таваҷҷӯҳи махсус ба бахши хусусӣ ва соҳибкорон зоҳир гардида, барои иқдомҳои соҳибкорон ҷиҳати дастгирии сиёсати давлатӣ изҳори сипос гардида, ҳамзамон барои боз ҳам тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳр таклифу пешниҳоди судманд иброз гардиданд. Дар хотима, омодагиҳои ҳамаҷониба ба зимистонгузаронии аҳолӣ, захираи маводи ғизоӣ, корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба сазовор таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ, яъне 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сӯҳбати муфид гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ, инчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мубрами ҳаёти ҷомеа ва масъалаҳои муҳими шаҳрдорӣ суҳбати судманд доир карда шуд.
Бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иттилоъ медиҳад.
