МАОРИФ ҲАМЧУН СОҲАИ МУҲИМ ВА САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

    (Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон)   Илму маориф барои рушду пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии ҷомеа мавқеи хосса дошта, ҳамчун самти муҳими рушду тараққиёти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тақвияту мустаҳкам гардидани иқтидори миллату давлат ба ҳисоб меравад. Маориф ҳамчун самти муҳиму афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ин мавзӯъ дар паёмҳои ироагардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқ баён гардидааст, ки дорои аҳамияти баланди омӯзишию таълимӣ ва илмию амалӣ мебошад. Мақола фарогири ҷанбаъҳо ва омилҳои рушди маориф буда, нақш ва ҷойгоҳи соҳаи маориф ҳамчун самти муҳими сиёсати давлат, дар паёмҳои роҳбари давлат арзёбӣ гардидааст. Дар робита ба ин, метавон гуфт, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи масъалаҳои баррасишудаи соҳаи маориф дар паёмҳои роҳбари давлат, ки онҳо албатта фарогири ҷанбаъҳои муҳими тавсеи рушди илму маориф, инкишофи нерӯи зеҳнӣ, низоми таҳсилот, таҳкими сиёсати маорифпарварӣ, ҷанбаъҳои иҷтимоии он, омузиши технологияҳои пешқадам ва дигар мавзӯҳои мубрами иҷтимоӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.   Соҳаи маориф дар низоми идоракунӣ ва сиёсати давлатдории миллии мо, аз муҳимтарин масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, пас аз соҳибистиқлол гардидани ватани азизамон-Тоҷикистон метавон гуфт, ки дар рушду инкишофи самти маориф, таҳаввулоту дигаргуниҳои ҷадид ба амал омаданд. Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ба рушди соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса зиҳир гардидааст. Вале нооромиҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ албатта ба рушди ин низоми афзалиятноки ҷомеа бе таъсир намондааст. Бо вуҷуди ҳамаи мушкилиҳои баамаломадаи иҷтимоӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳтар ва инкишоф додани маорифи кишвар, ё худ рушди низоми маориф (Маорифи миллӣ-Б.Ш.) тадбирҳои судманро роҳандозӣ кардааст, ки мисоли равашани онро мо дар ҳуҷҷати роҳнамокунандаи сиёсати давлатӣ, яъне паёмҳои роҳбари давлатамон ба Маҷлиси Олии кишвар дида метавонем. Тавре дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 22 апрели соли 2002 баён гардидааст, ки вобаста ба ин, бори дигар ба масъалаҳои маориф, таълиму тарбия ва тайёр кардани мутахассисон таваҷҷӯҳи шуморо ҷалб кардан мехоҳам. Ҳарчанд Ҳукумат барои барқарор кардани инфраструктураи мактабҳои миёна, сохтмони мактабҳо, ҷиҳозонидани синфхонаҳо бо ҷалби ёриҳои башардӯстона миллионҳо доллар харҷ кардааст, вале ҳолати онҳо ҳанӯз дар сатҳи даркорӣ нест [1]. Бале тавре мебинем, роҳбари давлат дар ҳамон паёми худ, ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, аз мушкилоти соҳа дар ҳамон давра, норасоии омӯзгорону мутахассисон, аз ҷумла, аз норасоии омӯзгорони забону адабиёти тоҷик, омӯзгорони фаннҳои физикаю математика дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, норасоии омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ва омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа ба як қаттор вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас додаанд. Раванди беҳтар гардонидани низоми маориф дар солҳои минбаъда низ идома ёфта, дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзӣ 30 апрели соли 2004 ироа шудааст, ки идома ва густариш додани ислоҳот дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ, ба муқаррароти тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда мутобиқ гардонидани фаъолияти онҳо бояд ба як ҳадаф-тарбияи насли аз лиҳози дониш, кордонӣ, бофарҳанг ва ҷаҳонбинӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ ва аз нигоҳи ҷисмонӣ солим равона гарданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пас аз дастуру супоришҳое, ки аз ҳамин паём бар меомаданд, дар низоми идораи вазоратҳои маориф ва тандурустӣ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд, ки то андозае ба беҳбуд бахшидани соҳаи маориф таъсиргузор будааст. Дар ҳамон паёми роҳаби давлат инчунин баён гардидааст, ки “Тарбияи кадрҳо хусусан барои соҳаи маориф, таъмини сифат ва сатҳи дониши кадрҳои омӯзгорӣ, дуруст ҷобаҷо кардани мутахассисони ҷавон ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои онҳо, пеш аз ҳама дар деҳот аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарине мебошад, ки бояд ҳамеша дар маркази диққати вазорати маориф ва ҳукуматҳои маҳаллӣ қарор дошта бошад” [2]. Аз таҳлилу омӯзиши ин масъала бар меояд, ки дар ҳамон вақт дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 13000 нафар омӯзгорон намерасидааст. Аз ин лиҳоз, дар паём супориш дода шудааст, ки ҳоло вақти он расидааст, мақомоти дахлдори давлатӣ масъалаи ихтисори бастҳоро баррасӣ карда, маблағҳои аз ин ҳисоб озодшударо барои маоши иловагии муаллимоне, ки бо самар ва сифати баланд кор мекунанд, сарф намоянд. Дар заминаи ин дастуру ҳидоятҳо, албатта дастгириҳо ва ғамхориҳои давлату ҳукумат нисбат ба омӯзгорон пайваста беҳтар гардида, ҷиҳати ҳавасмандгардонии моддию иҷтимоии онҳо низ чораҳои натиҷабахш амалӣ карда шуданд. Агар ба тамоюли беҳтар гардидани дастгириҳои давлатӣ ва маблағгузориҳои буҷҷетӣ назар намоем, он ҷо низ дастгириҳои молиявӣ, дар соҳаи иҷтимоӣ хусусан соҳаи маориф мушоҳида мегардад. Чунон чи агар дар соли 2001-ум барои соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 148 миллион сомонӣ ё 39 фоизи буҷет сарф гардида бошад, пас дар соли 2006-ум ин маблағ ба 750 миллион сомонӣ расонида шуд, ки зиёда аз 50 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб маблағгузории соҳаҳои маорифу тандурустӣ тадриҷан зиёд карда мешавад. Дар буҷети давлатии соли 2006-ум маблағгузории соҳаҳои маориф 336 миллион сомонӣ ва тандурустӣ 106 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта мутаносибан 86 ва 20 миллион сомонӣ зиёд аст[3]. Амалӣ гардидани ин иқдомҳои шоистаи Ҳукумат, хоссатан ба соҳаи маориф, бори дигар аз самти асосию пешбарандаи ҷомеа шинохтани илму маориф дар сиёсати давлатӣ мо, ба ҳисоб меравад. Дар соли 2010 ба соҳаи илму маорифи ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, бо мақсади боз ҳам рушди ин соҳа тадбирҳои зарурӣ рӯи кор гирифта шуданд. Тавре аз паёми мазкур бар меояд, агар соли 2000-ум аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2009 бо дарназардошти ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ва буҷети тасдиқшуда ҳаҷми он 1 миллиарду 70 миллион сомониро ташкил кард. Яъне буҷети соҳаи маориф дар муддати нӯҳ сол қариб 26 баробар афзудааст. Соли 2009 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмону азнавсозии 218 мактаб анҷом ёфта, 40 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд. Ба хотири мусоидат ба рушди минбаъдаи соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи тафаккури техникиву технологӣ дар ҷомеа мо соли 2010-ро “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон кардем [4]. Мусаллам аст, ки эълон гадидани соли 2010, ҳамчун “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ” ин албатта бо мақсади рушди маориф ва фароҳам овардани заминаи рушду такомули тафаккури техникиву техноллогӣ, ки заминаи он асосан дар муассисаҳои таълимӣ гузошта мешавад, дар бар мегирад. Дар заминаи эълон гардидани “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ” дар муассисаҳои илму морифи кишвар чорабиниҳои гуногуни илмю амалӣ, инчунин озмунҳо ва олимпиадаҳои илмӣ-назариявӣ ҷиҳати ҳавасманду омода кардани ҷавонону мутахассисони соҳа баргузор карда шуд, ки то андозаи ба рушди низоми маориф хусусан илмҳои техникӣ мусоидат карда шуд. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди босуботи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шуданд. Тибқи таҳлилҳо, мо мебинем, ки дар соли 2015 ба соҳаи маорифи кишвар 3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст. Бо назардошти муҳимияти ин масъала дар ҳамон паём иброз шудааст, ки дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад [5]. Дар паём, инчунин дастур дода шуд, ки музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф ва илм 20 фоиз зиёд карда шавад. Ин иқдомро кормандони илму маорифи кишвар, аз дастгириҳои иҷтимоии давлату ҳукумат дониста, бо ҳамовозӣ дастгирӣ  намуданд. Албатта роҳбари давлат дар ҳамон паём таъкид доштанд, ки “Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст”. Аз ин рӯ, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон ба таври доимӣ ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ҳарчи бештар шинос намудани онҳо бо технологияҳои муосири таълимиро, зарур шумориданд. Дар таърихи 28 декабри соли 2023 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” ироа гардид. Воқеан, ин паём низ фарогири таҳлилҳои амиқ ва шарҳу тавзеҳи мукамал буда, масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии кишварро дар бар гирифтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба шоҳроҳи бузурги тараққиёт ва тақвияти рушди босуботи кишвар ворид гардидааст, ки натиҷаи ин гуфтаҳо ба таври пурра ва возеҳу равшан дар паём зикр гардидаанд. Роҳбари давлат, зимни ироаи ин паём иброз доштанд, ки соли 2023 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор арзёбӣ мешавад, ки ин боиси истиқболу ифтихори ҳар як сокини кишвар аст. Албатта, дар раванди соли сипаришуда дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омадаанд. Масалан, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардида, ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуда, аз ҷумла гуфта шуд, ки “Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид”, ки ин нишондиҳанда, бозгӯи возеҳи рушди устувори кишвар мебошад [6]. Яке аз масоили мубрам ва муҳим дар паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ​соҳаҳои илму маориф буд, ки вобаста ба ин таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Зеро моҳияти сиёсати Сарвари давлатамон аз солҳои нахустини роҳбариашон рушди илму маорифро фаро мегирад. Тавре дар яке аз суханрониҳояшон, Сарвари давлатмон иброз доштаанд: “То замоне, ки мо барои аҳли илму маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавиёт, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоистаеро муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро ба дараҷае, ки мебояд, баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст” [7]. Албатта метавон гуфт, ки ҷомеаи мо дар шароити ҷаҳонишавӣ ба нерӯи кории бомаърифат, соҳибихтисос, боистеъдод, навовару эҷодкор ва забондон ниёз дорад. Аз ин лиҳоз, вазифаи маориф, ҷомеа ва волидон дар мадди аввал аз он иборат аст, ки ба фарзандон дониши илмҳои муосир бо навовариҳои илму технологияи пешрафтаи ҷаҳони муоссиро омӯзонанд. Барои ба камол расидани онҳо шароити хуб фароҳам оварда, ба тарбияи онҳо диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зеро василаи асосии рушди ҷомеа ва пешрафти миллату давлат низ маҳз аз ашхоси босавод ва донишманд вобастагии амиқ дорад [8]. Маврид ба зикр аст, ки Пешвои миллат барои боз ҳам баланд бардоштани нақши маориф дар ҷомеа тавсияҳои муҳим ироа намуда, масоили рушди маориф, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои миёна ва олии кишварро махсусан таъкид намуданд. Таваҷҷуҳи вижаи роҳбари давлат ба соҳаи илму маориф далели он аст, ки ҳалли мушкилоти соҳаи мазкур дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар қарор дорад. Ин албатта масъулини соҳаи аҳли илму маорифро водор месозад, ки дар раванди таълим нисбати баланд бардоштани сатҳи маърифати толибилмон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, илмҳои дақиқ ва технологияи муосир диққати бештар равона сохта, насли наврас ва ҷавонро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳанги бостонӣ, ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ ва арҷ гузоштан ба мероси пурғановати ниёгон тарбия намоем. Илова бар ин, насли наврасро дар рӯҳияи ватандустию ифтихори миллӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти давлати соҳибистиқлоламон Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия кардан вазифаи авалидараҷаи волидону омӯзгорон мебошад. Яъне, ба ибораи рангини Пешвои муаззами миллат: “Агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”. Ин гуфтаҳо бори дигар собит месозад, ки аз самти иму маориф аз муҳимтарин мавзӯи марказии дар паёми навбатии пешвои миллатамон мебошад. Воқеан ташаккули неруи инсонӣ, рушди илму маърифат, омода кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷавонони ватандӯсту худогоҳ ба рушди минбаъдаи давлат ва боз ҳам боло бардоштани обрӯву эътибори Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш зарур мебошад. Бинобар ин, Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш ба масъалаи таълиму тарбия ва соҳибкасб намудани ҷавонон таъкидҳои махсус намуданд, аз ҷумла иброз доштанд, ки “Авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд” [9]. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли илму маориф мебошад. Зиёд намудани музди маоши соҳаҳои иҷтимоӣ, алалхусус омӯзгорон, кормадони соҳаи илм дар чунин шароит, ки вазъи молиявии буҳронӣ ҷомеаи ҷаҳонро гирифтор аст, бори дигар аз сиёсати оқилонаю маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад. Маврид ба зикри хос аст, ки дар меҳвари паёми Пешвои миллат яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрам рушди иқтидори илмии муассисаҳои таълимӣ, дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар қарор гирифт. Вобаста ба ин масъала сарвари давлат Вазорати маориф ва илмро вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии “Муҳити таълим асоси таҳсилоти босифат”, “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таҳия намояд. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш дода шуд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд. Мавриди зикр аст, ки дар паём гуфта шудааст, ки соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад [10]. Албатта ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад. Бо ин роҳбари давлат дар назди Ҳукумати мамлакат ва дигар мақомоти давлати вазифаҳои заруриро вогузор карданд. Тавре аз паём бармеояд, агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст, илова бар ин, дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам аст. Таваҷҷуҳи махсуси ҳукумати кишварамон нисбат ба соҳаи маориф аз назари созмонҳои байналмилалӣ низ канор намондаааст, ки ин масъала дар паёми соли 2023 ишора гардидааст. Дар радифи ин, дар ин паём Сарвари давлатамон бо ишора ба дастгирии ҳамаҷониба нисбати соҳаи маориф ироа доштанд, ки бо мақсади рушди соҳаи илму маориф ман ҳеҷ чизро дареғ намедорам [11]. Ҳоло дар раванди бархурдҳои тамаддунии ҷаҳонӣ, рушди соҳаи илму техника ва технология дар кишварҳои пешрафта собит намуд, ки танҳо бо шарофати пешрафти илмҳои риёзию техникӣ метавон ба натиҷаҳои баланди илмӣ соҳиб шуд. Аз ин лиҳоз, захираҳои бузурги зеризаминӣ ва гидроэнергетикии кишвари мо, инчунин тадбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар тақозо менамояд, ки илмҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ рушд намояд ва мутахассисони соҳибкасби ин соҳаҳо дар пешрафти ватани азизамон саҳмгузор гарданд. Гуфтан ба маврид аст, ки истиқлолияти давлатӣ барои мо имконият фароҳам овард, то ки барои рушду тараққиёти илмҳои гуногуни замон саҳмгузор бошем. Ин пеш аз ҳама масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва донишҳои устувори соҳавиро тақозо менамояд. Дар ин марҳала бо иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи неруи зеҳнӣ, рушди илм, дар тамоми соҳаҳои ҳаёт корҳои зиёду назаррас анҷом дода шудаанд. Таъсиси муассисаҳои таълимӣ, донишкадаву донишгоҳҳо, институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, коллеҷу литсейҳо ва дигар чунин муассисаҳо шаҳодати он мебошанд. Дар шароити ҷаҳони муосир ислоҳоти дурусту самараноки соҳаи маориф ин нишони рушди минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва омили пешрафти ватани азизамон, мебошад [12]. Бале ҳамаи ин иқдомҳои амалигардида ба хотири рушди соҳаи илму маориф мебошад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар паёми соли 2023 инчунин махсусан таъкид шудааст, ки “Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад” [13]. Аз ин лиҳоз, таҳким бахшидани низоми таълиму тарбия ва илму маориф дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёни умумӣ, махсус ва олии касбӣ дар шароити имрӯзаи ҷомеаи кишвар, ки тибқи таҳлилҳои демогафӣ аксарияти шумораи аҳолиро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд беш аз пеш зарур мебошад. Дар паёми Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2016 ироа гардидааст, ки Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад [14]. Ҷумҳурии Тоҷикстон давлати соҳибистиқлол буда, ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ барои инкишофи ҷомеаи маданӣ бо инкишоф додани илму маориф метавонад шароитҳои созгорро барои ҷомеа таъмин намояд, ки дар ин роҳ боз ҳам роҳандозӣ намудани иқдомҳои натиҷабахши соҳаи маориф зарурияти бештар дорад. Бо назардошти таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат нисбат ба маориф, яъне дар даврони истиқлолияти давлатӣ иншоотҳоти зиёди соҳаи маориф бунёд гардида, мавриди баҳрабардории шаҳрвандон қарор дода шуданд. Инро роҳбари давлат дар паёмашон чунин ироа доштанд. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод. Ҳамзамон бо ин, ба маълумоти вакилони муҳтарам ва ҳамватанони азиз расонида мешавад, ки дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он,  ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд [15]. Аз ин бар меояд, ки дар як самти сохтмону бунёди муассиаҳои таълимӣ дар даврони истиқлолият як барорбар, яъне 3430 адад бунёд шудааст, ки дар муқоиса ба даврони Шӯравӣ 201 муассисаи таълимӣ зиёд мебошад, дар умум дар низоми маорифи мамлакат пешравиҳои назаррас ба вуқуъ пайвастанд, ки ба рушди ин самти афзалиятноки ҷомеа таъсири муфид мегузорад. Хулоса омӯзиши масъала ва ё мавзӯи маориф ҳамчун самти мубраму муҳими ҷомеа дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, албатта аз ибтидои ба ҳайси роҳбари давлат фаъолият карданашон баръало эҳсос гардида, зери сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлатамон маорифи мамлакат ба ин дастовардҳо ноил гардидааст. Бо назардошти омӯзиши масъала ва муҳим донистани он дар рафти таҳқиқот амалӣ гардидани татбирҳои зеринро мувофиқи мақсад мешуморем: Якум паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар суханрониҳое, ки бо аҳли илму маорифи кишвар доир гардидаанд, ҳамчун ҳуҷҷати стратегию консептуалии дорои аҳамиятӣ сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, хусусияти тарбиявию педагогӣ, илмию амалӣ ва таълимю тарбиявӣ дорад; Дуюм мавзӯи маориф ва ҷойгоҳи он дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқоти илмӣ қарор гирифтааст, ки ин мавзӯъ дар оянда низ, бо анҷом додани таҳқиқоти мукаммал аз ҷониби муҳақиқони илмҳои педагогӣ ва ҷомеашиносӣ ба мақсад мувофиқ мебошад; Сеюм омӯзиши паёмҳо ва суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф, ки фарогири ташаккули низоми маорифи миллӣ мебошанд ва барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувори кишвари соҳибистиқлоламон-Тоҷикистон равона шудааст, аз руйи он бо анҷоми таҳқиқоти илмӣ омода гардидани мақолаҳои илмию оммавӣ, баргузории чорабиниҳои омӯзишию тарбиявӣ дар миёни муҳасилини муассисаҳои таълимӣ, наврасону ҷавонон ва баргузории ҳамоишҳои илмию назариявӣ бо иштироки олимону муҳақиқон зарур шуморида мешавад; Чорум аз ҷониби мақомотҳои ваколатдорӣ соҳа, шаҳрвандон, олимону муҳақиқон амалӣ намудани принсипҳои “Стратегияи милии рушди маорифи Тоҷикистон барои то соли 2030”, ҳадафҳои гузошташудаи самти маориф дар “Стратегияи милии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва дигар барномаю стратегияҳо ва консепсияҳои соҳаи илму морифи кишвар, ки амалӣ намудани ҳадафҳои асосии ин санадҳои танзимкунанда дар паёмҳои роҳбари давлат низ ироа шудаанд, сиёсати давлатро нисбат ба соҳаи илму маориф ва инчунин рушди сармояи инсонӣ фаро гирифта, ҳамаҷониба татбиқ шудани онҳо дар шароити пешрафти илму техника ба рушди низоми маориф таъсири муфид мегузорад. Албатта илова бар ин, барои расидан ба ҳадафҳои ояндаи низоми маорифи миллӣ, боз ҳам беҳтар кардани шароити моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва ҳамбастагию алоқамандии илму маориф ба истеҳсолот яке аз принсипҳои рушди дарозмуҳлати низоми маорифи кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳоло ҷаҳони муосир дар марҳилаи пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин қарор дорад. Дар чунин шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди илму техника рушди минбаъдаи Тоҷикистони азиз, бевосита аз рушди низоми маориф, имкониятҳои воқеии неруи зеҳнӣ, инкишоф додани иқтисодиёти сабз, донистани забонҳои хориҷӣ, иқтисодиёти рақамӣ ва технологияи рақамӣ, инкишофи илмҳои дақиқ, ҳамбастагии илм ба истеҳсолоти саноати миллӣ, рушди ихтироъкорию навоварии илмӣ ва дар маҷмуъ рушди ҳамаҷонибаи соҳаи илму маориф вобаста мебошад. Бо назардошти гуфтаҳои боло ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф мо масъулин ва ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимиро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим равона созем ва шароитҳои илмомӯзии насли наврасу ҷавон ва фарзандонамонро боз ҳам беҳтар муҳаё намоем ва онҳоро дар руҳияи илмомӯзию ватандӯстӣ тарбия намоем. Барои ин, албатта мо масъулини соҳа, омӯзгорон, аҳли зиё, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва махсусан падару модарон масъулияти шахсӣ дорем.     Адабиёти истифодашуда:

  1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 04.2002. 14:00, шаҳри Душанбе: http://www.prezident.tj.
  2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 04.2004. 14:00, шаҳри Душанбе: http://www.prezident.tj.
  3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 04.2006. 13:00, шаҳри Душанбе: http://www.prezident.tj.
  4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 04.2010. 12:00, шаҳри Душанбе: http://www.prezident.tj.
  5. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 01.2015 12:37, шаҳри Душанбе: http://www.prezident.tj.
  6. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 28 декабри соли 2023. Душанбе: «Шарқи озод», 2023.-5с.
  7. Сайдаҳмадзода Д.Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи маориф дар солҳои соҳибистиқлолӣ (мақолаи илмию оммавӣ). https://apa.tj.
  8. Пешвои миллат ва рушди илм дар Тоҷикистон. Нашриёти «Ношир», Хуҷанд-2023 (маводи Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Пешвои миллат ва рушди илм дар Тоҷикистон” бахшида ба ифтихори 145 солгаии қаҳрамони Тоҷикистон бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ ва рӯзи илми тоҷик). http://noshir.tj.
  9. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 28 декабри соли 2023. Душанбе: «Шарқи озод», 2023.-42с.
  • Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 28 декабри соли 2023. Душанбе: «Шарқи озод», 2023.-41с.
  • Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 12.2023. 16:00, шаҳри Душанбе: https://khovar.tj.
  • Саидзода Ш. Рушди маориф масъалаи калидии паёми Пешвои миллат (мақолаи илмию оммавӣ). http://tsulbp.tj.
  • Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 28 декабри соли 2023. Душанбе: «Шарқи озод», 2023.-39с.
  • Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.20.01.2016, 11:52, шаҳри Душанбе: http://www.prezident.tj.
  • Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.12.2022 12:30, шаҳри Душанбе: http://www.prezident.tj.

    Баҳром Шарафзода, Муовини раиси шаҳри Роғун