БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚИСМИ НИЗОМИИ ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ РОҒУН ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАРГУЗОР КАРДА ШУД

 Имрӯз дар Қисми низомии 051058-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун бахшида ба таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун чорабинии тантанавӣ ва барномаи фарҳангию фароғатӣ доир карда шуд.   Дар чорабинӣ аз саҳми шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди низоми давлатдории миллӣ, нақши роҳбари давлат дар бунёди қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва таҳкими сулҳу субот дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин ҳифзи арзишҳои миллӣ ибрози андеша карда шуд.