КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ” ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРАКИ ОБИ ГАРМИ ШАҲРИ РОҒУН БАРГУЗОР КАРДА ШУД

             Имрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар Коллеҷи тиббии шаҳраки Оби Гарм бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории миллӣ” Конференсияи илмӣ назариявӣ баргузор карда шуд.

       Дар ин чорабинӣ муовини раиси шаҳри соҳаи идеологӣ, масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҷамоати шаҳраки Оби Гарм ва устодону донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

        Дар кори Конференсия маърӯзаҳо оид ба моҳият, мафҳум ва таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, нақши Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қабул ва густариши Конститутсия, инчунин мақоми олии қонунгузори кишвар ироа шуданд. Дар идома, инчунин оид ба илмомузию забономӯзии донишҷӯён дар замони муосир, навоварию ихтироъкорӣ, иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, таҳкими тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар ҷомеа, суханронӣ карда шуд. Дар хотима ба саволҳои пешниҳодшуда вобаста ба мавзӯъ посух гардонида шуд.            

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва  робита бо ҷомеа                                             Саидова Ш.Ҷ.