ҚАБУЛИ ҲАЙАТИ ВАКИЛОНИ ПАРЛУМОНИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ВА НАМОЯНДАГОНИ ПАРЛУМОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҶОНИБИ РОҲБАРИЯТИ ШАҲРИ РОҒУН
Имрӯз мехмонон аз ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ва намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боздид аз иншооти бузурги энергетикии кишвар, Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.
Меҳмононро дар мавзеъи Нақби Роғун раиси шаҳри Роғун, кормандони мақомоти шаҳрдорӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулини дахлдор қабул карда, дар ин мавзеъ ҳамзамон намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои бахшҳои гуногуни шаҳр омода гардида, инчунин дар ин мавзеъ барномаи фарҳангию фароғатӣ низ ташкил ва пешниҳоди ҳозирин карда шуд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеа Саидова Ш.Ҷ.