ИНКИШОФИ ИДЕОЛОГИЯИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Мусаллам аст, ки Истиқлолияти давлатӣ падидаи муҳим ва рӯйдоди бузурги таърихию давлатдорӣ ва унсури асосии ҳастии миллати тамаддунофарамон мебошад, ки бо ифтихор метавон гуфт, имрӯзҳо мардуми сарбаландамон зери роҳнамоиҳою ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ 34-солгаии ҷашни муқаддаси Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, мо соҳиби рамзҳо ва муқаддасоти давлатии худ гардидем, ҳамзамон дар ин давра бо талоши Ҳукумати мамлакат бо як зумра давлатҳои пешрафта ва ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ муносибатҳои гуногуни мутақобилан судмандро ба роҳ мондаем, ки ин албатта ба рушди арзишҳои миллию давлатӣ мусоидат намуда, кишвари мо ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ба марҳилаи нави рушд ворид гардид, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлолу ташаббускор эътироф гардидааст.
Албатта Истиқлолияти давлатӣ ба инкишофи хотираи таърихӣ ва асолати миллии шаҳрвандон таъсири устувор гузошта, бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъриху фарҳанги миллӣ дар сатҳи созмонҳои байналмилалӣ муаррифӣ карда шуда, дар ин замина ҷашнҳои миллию таърихиямон аз нав эҳё гардиданд ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуданд, ҳамчунин ин чорабиниҳо дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ва фарҳангӣ дар дохили кишвар ва берун аз он дар сатҳи баланд баргузор карда шуданд.
Метавон гуфт, ки Истиқлолият ҳамчун падидаи асосии ҳастии миллату давлат, соҳибихтиёрӣ дар идоракунии сиёсӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор рафта, ба инкишофи афкори миллӣ низ таъсир муфид расонид. Аркони давлатдорӣ дар асоси унсурҳои истиқлолияти давлатӣ рушд карда, ба баланд гардидани ҳисси ифтихори миллӣ ва хештаншиносии мардум, махсусан дар ин давра маҳз идеологияи миллию давлатдориямон инкишоф ёфтааст, ки дар маркази ташаккули рушди идеологияи миллӣ саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим ва шоиста мебошад.
Албатта самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ва афкори миллиро пеш аз ҳама Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои асосию стратегии Ҳукумати мамлакат, ҳифзи арзишҳои давлатӣ, муқовимат бо терроризму экстремизм, пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум, раванди бунёдкорию созандагӣ, саноаткунонии миллӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим дар бар гирифта, бо дараназардошти сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзишҳои соҳибистиқлолӣ мо марҳила ба марҳила ба он ноил мегардем. Намунаи олии рушди ғояи миллӣ ва идеологияи давлатӣ албатта дар мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало мушоҳида мегардад. Ҷомеаи тоҷик баъди ба даст овардани яке аз беҳтарин арзишҳои давлатдорӣ яъне Истиқлолияти давлатӣ боз ба марҳилаи ҷанги таҳмилии шаҳравандӣ кашида шуд, ки дар ин давра аркони давлатдории мо ба нести рафта, ҳисси ифтихори милию давлатдории шаҳрвандон коста шуда, пояҳои давлатдори заиф шуданд. Дар ин давраи ҳасос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори ҷавону ташаббускор ба арсаи сиёсии давлатдорӣ омада, тавонистанд бо талошу пайкори созандаи худ кишварро аз ин варта наҷот диҳад ва ба як марҳилаи рушд ҷомеаро ворид намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи бештар аз се даҳсолаи охир бо амалӣ намудани сиёсати некбинонаи сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати аҳлонаи мардуми шарафманди тоҷик, ҳамзамон бо эҳсоси баланди ватандорию шаҳрвандӣ ва мутаҳид шудан дар атрофи Сарвари худ ба марҳилаи бунёдкорию созандагӣ ворид гардида, акнун дар зарфи 34-соли соҳибистиқлолӣ метавон гуфт, ки мардуми мо дар атрофи Пешвои худ бо ғояи сирф миллию ватандорӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст.
Вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва равандҳои гуногуни ҷаҳонишавӣ моро, албатта водор месозад, ки муқаддасоти давлатӣ ва арзишҳои миллии худро пос дошта, барои ҳифзу ҳимояи Ватани азизамон, ҳамзамон ташаккули афкор ва идеологияи миллӣ, рушди илму маориф ва технологияи замони муосир, фарҳанги миллӣ, вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва рушду инкишофи ҷомеаро бо пайрави аз Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки мароми он таҳкими сулҳу ваҳдати комили миллӣ дар мамлакат, зиндагии шоистаи сокинони кишвар ва боз ҳам рушду тарақиёти Тоҷикистони азиз, мебошад, муттаҳид шуда, аҳлона заҳмат кашида ба халқи худ содиқона хизмат намоем ва Ватани азизамонро боз ҳам рушду инкишоф диҳем.
Баҳром Шарафзода,
Муовини раиси шаҳри Роғун