ЧОРАБИНИИ ИДОНА ДАР ҚИСМИ НИЗОМИИ ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ РОҒУН БАРГУЗОР КАРДА ШУД
Рӯзи сеюми сентябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Гвардияи миллӣ дар Қисми Низомӣ 051058-Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идонаи тантанавӣ ва фарҳангӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабини раиси шаҳри Роғун, масъулини соҳаи идеологӣ ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок карданд.
Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло ҳайати шахсии Қисми низомии Гвардияи миллиро бахшида ба Рӯзи идашон табрик гуфта, ҳамзамон онҳоро ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуданд.
Ҳамзамон дар ин чорабинии идона як қатор афсарону сарбозон бо медалу рутбаҳои ҳарбӣ сипоснома, ифтихорномҳо ва тӯҳфаҳои гуногун қадрдонӣ кард шуданд. Пас аз қисми тантанавӣ барномаи фарҳангии бахши фарҳанги шаҳр пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Саидова Ш.Ҷ.