БАРГУЗОРИИ ВОХУРИИ ИДОНА БАХШИДА БА ҶАШНИ 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ИШТИРОКИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР ШАҲРИ РОҒУН
Санаи 1 сентябри соли 2025, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо иштироки роҳбарияти шаҳр, намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинони фаъол, вохӯрии идона бахшида ба таҷлили 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии №11, ноҳияи Файзобод Наҷмидиниён Асадулло Мирзо ва Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло иштирок намуда, дар назди ҳозирин суханронӣ карданд.
Раиси шаҳр Саидзода Сунъатулло дар оғози баромади худ ҳозиринро бо фарорасии ҷашни муқаддасу таърихии давлатдорӣ Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, қайд намуданд, ки истиқлолият рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди тоҷик аст. Ӯ ҳамзамон саҳми арзандаи сокинони шаҳри Роғунро дар пешбурди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва татбиқи ҳадафҳои миллӣ махсус зикр намуд.
Сипас, Наҷмидиниён Асадулло Мирзо вакили Маҷлиси намояндагон, дар баромади худ таъкид карданд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик имконият дод, ки соҳибдавлат бошанд ва роҳи рушди устувору бомаромро интихоб кунанд. Вай баён дошт, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси пешрафти тамоми соҳаҳо буда, натиҷаҳои он дар ҳар гӯшаи мамлакат, аз ҷумла шаҳри Роғун намоён аст.
Ҳамзамон дар вохурӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар бо масъулияти баланд ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолият, корҳои ободонию созандагиро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тақвият бахшида, ташаббусҳои байналмилалии роҳбари давлатро донанд, тарғибу ташвиқ намоянд ва бо амалҳои созандаи худ дар рушду пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Чорабинӣ дар фазои идона, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ баргузор шуда, албатта баргузории, ин гуна чорабиниҳо ба таҳкими ватандӯстии шаҳрвандон таъсирасон мебошад.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Саидова Ш.Ҷ.