БА ИФТИХОРИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ДАР ШАҲРИ РОҒУН ЧОРАБИНИИ ИДОНА ДОИР ШУД

   Имруз дар боғи фарҳангию фароғатии маркази шаҳраки Оби Гарм чорабинии идона бахшида ба 80-солагии Рӯзи ғалаба дар ҶБВ бо иштироки раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, муовинони раис, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони сохторҳои назди мақомот, собиқадорони меҳнат, ҷанговарони башардӯст, фаъолони шӯроҳои маҳалла, як гурӯҳ ҷавонони фаъоли, инчунин дигар даъватшудагон доир карда шуд.

    Хозиринро раиси шаҳр Саидзода Сунъатулло ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Ҷойлобов Абдухолиқ ба ин муносибат табрик гуфтанд. Рохбарияти шаҳр ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар ҶБВ нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузоштанд. Инчунин пас аз қисми тантанавии чорабини барномаи фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Роғун доир карда шуд.    

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                       Саидова Ш.Ҷ.