ВОХУРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ДАР САМТИ РУШДИ ИҶТИМОӢ ВА РОБИТА БО  ҶОМЕА, ҲАМЗАМОН ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ИДЕОЛОГӢ БО УСУЛИ «МАКТАБ БА МАКТАБ» ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №33-и ДЕҲАИ САИДОНИ  ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СИЧАРОҒ

 Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ки бо усули «Мактаб ба мактаб» амали мегард, чорабинӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ҳамзамон тақвияти корҳои идеологӣ дар миёни волидон, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и деҳаи Саидони ҷамоати деҳоти Сичароғ баргузор шуд. Дар чорабини Сатторбекзода У.-муовини раиси шаҳри Роғун, раиси Ҷамоати деҳоти Сичароғ Мирзоев Х., Назарзода Ш.-Мудири шуъбаи маориф, нозирони минтақавӣ, мудири бахши кор бо  ҷавонон ва варзиш  ва  дигар масъулини дахлдор иштирок карда, оид ба мавзӯъҳои дахлдори соҳавӣ самт ба самт тибқи талаботи нақша ба ҳозирин маърӯзю суханронӣ карданд. Пас аз баргузории вохӯрӣ, муовини раиси шаҳр аз муассисаи таълимӣ ва аз якчанд заминҳои хоҷагиҳои назди ҳавлигию деҳонӣ дидан карда бо устодон ва сокинони кӯчаи мазкур ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва татбиқи иҷрои дастуру ҳидоятҳои роҳбари давлат ҷиҳати истифодаи мақсадноки заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва наздиҳавлигӣ сӯҳбат карданд.    

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                             Саидова Ш.Ҷ.