ДАР ШАҲРИ РОҒУН ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ ВА ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН БАГУЗОР ГАРДИД

  Имрӯз дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  бо иштироки раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло ва занону бонувони  фаъоли шаҳр чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ  ва фарҳангӣ баргузор гардид.

         Сараввал, раиси шаҳри Роғун  муҳтарам Саидзода Сунъатулло  модарон  ва бонувонро ба Рӯзи идашон табрик намуда,  ба онҳо бахту саодат ва томоми неъматҳои зиндагиро таманно намуд.

         Сипас, баъди паёми табрикоти бонувону модарони собиқадори меҳнат, фаъолзанони шаҳрро бо «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои  хотиравӣ қадрдони карда, барномаи фарҳангии ҳунармандон ва санъаткорони бахши фарҳанг таҳти унвони «Надидам бештаре мисли ту модар»  пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.