Маҷлиси ҷамъбастии соли 2024 доир гардид

 

 Санаи 11 январи  соли 2025 дар бинои мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлати шаҳри Роғун маҷлиси ҷамъбастии  соли 2024 баргузор гардид, ки дар  маҷлис Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулваҳобзода Темурҷон, муовинони раис,  вакилони халқи шаҳри Роғун, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои назди мақомот, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва дигар даъватшудагон иштирок доштанд.   Дар маҷлис масъалаҳо оид ба «Натиҷаҳои  рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун  дар соли 2024» ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2025 мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифт.

      Сараввал раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло ҷаласаро оғоз намуда меҳмононро хушомадед гуфта,  ҳозиринро барои ҷамъбасти бомувафақияти соли 2024 муборакбод намуданд. Сипас муовини  якуми  раиси шаҳр Исмоилзода А. оид  ба «Натиҷаҳои  рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун  дар соли 2024» ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2025   ба сухан намуданд. Мавсуф зимни суханронӣ баён доштанд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармону супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ», фаъолияти кории худро ба роҳ монда, ҷиҳати болоравии соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии шаҳр саъю кӯшишҳои зиёд намудааст.

       Дар маҷлис инчунин ҳисоботҳо дар хусуси  пешрафту дастовардҳо, бурду бохт ва камбудиҳои соҳаҳои маорифу  тандурустӣ  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ,  хоҷагидорию камуналӣ, сохтмон, нақлиёт ва дигар паҳлуҳои фаъолияти сохторҳои ҳудуди шаҳр маълумоти мушаххас дарҷ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулваҳобзода Темурҷон сухан намуда, аз дастовардҳою созандагиҳои соли гузашта,  дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашнҳо, ба истифода додани иншоотҳои таъиноташон гуногун, бунёди ҷойҳои корӣ барои аҳолӣ дар шаҳр ва саҳми арзандаи соҳибкорон дар корҳои созандагию бунёдкориҳо ва пешравиҳо дар ҳама самт изҳори назар намуда,  ба ҳозирин  дар фаъолияти ояндаашон бурдбориҳо таманно намуданд. Ҳамчунин оид ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуда таъкид кард, ки Паёми Пешвои миллат дар баробари аҳамияти сиёсиву ҳуқуқӣ доштан, инчунин, аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад.  Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомӯзи Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу инсоф, таълиму тарбия, илму маориф, ватану ватанпарастӣ, саховату эҳсон аҳамияти махсус дорад.

         Дар робита ба ин  дар паём ироа гардид, ки  ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.

Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.

Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.

Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон.

Соҳаи сайёҳиро  низ Ҳукумати мамлакат яке аз  самтҳои рушди  афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ мешуморад.

 Сарвари давлат дар паёми ироанамудаашон зикр намуданд, ки дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба рушди сайёҳии дохилӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.  Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ, хусусан, бунёди инфрасохтори зарурӣ тадбирҳои иловагӣ андешем.

Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф  ва самти ҷавонон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.

Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад.

Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт.

Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.

Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем. баён доштанд, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад.

Дар баробари ин, ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.

Вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад.

Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд баён доштанд, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рӯз ва ҳамеша саъю талош намоем.

Сипас, Раиси шаҳр Саидзода Сунъатулло аз масъулини соҳаҳо доир ба натиҷаҳои меҳнатӣ, пурсиш ба амал оварда, дастурҳои мушахас дода шуд.

Дар фарҷом роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ , Директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Абдулваҳобзода Темурҷон баромад намуда, ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ибрози назар намуда, ҷиҳати рушди соҳаҳо таклифу пешниҳодҳо намуда, ҷиҳати шаҳру тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад карда, нуқтаҳои Паёмро ибрози андеша намуд.

Сипас, Раиси шаҳр муҳтарам Саидзода Сунъатулло ба масъулини соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дастуру супоришҳоеро, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ дода буданд расонид ва ҳамчунин ҷиҳати пешбурди фаъолияти корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, тақвият бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ноил гардидани хонандагон ба дастовардҳои назаррас, дар сатҳи баланд баргузор намудани даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла бунёди муассисаҳои томактабӣ дар деҳаҳои дурдаст, муассисаи давлатии Мактаби бачагонаи мусиқӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин қайд намуд, ки дар соли ҷорӣ тибқи нақшаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншоотҳои ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода мешавад, ки шаҳри Роғун дар ин марҳила аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ рушд хоҳад кард.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                 Раҷабалиева Шоира