Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, толори Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демоктатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, қасри фарҳанг, ташкилоту муассисаҳо, ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун тибқи барқияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар толори бинои нави Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, аз шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ тамошои дастаҷамъона бо иштироки Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло, муовинони раиси шаҳр, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва дигар иштирокчиён ташкил карда шуд.
Дар замони истиқлолияти давлатӣ ва рушди босуботи сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун маводи арзишманди таҳлилӣ ва роҳнамо барои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва равшангари имрӯз ва фардои кишвар ба ҳисоб меравад. Паём мазмунан ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба худ касб намуда, бори дигар собит намуд, ки дар ҳама бахшҳои мухталифи кишвар нишондиҳандаҳои рушд дақиқан ва мазмунан шарҳ дода шудааст, ки чунин пешравиҳо аз рушди босуботи сохаҳои мухталифи ҳайёти ҷамъиятии кишварамон гувоҳӣ медиҳанд.
Имрӯз тамоми ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар зери таъсуроти беандоза ҷазобу роҳнамоикунандаи Паём қарор дошта, раванду амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ мебошад. Паём хуҷҷати асосии Стратегии тамоми рукнҳои асосии фаъолияти ҷамъиятиро дарбар гирифта, вазифаҳо ва амалиётҳои дар пешистодаро равон ва бо пуррагӣ мурратабу матраҳ сохт.
Добавить комментарий