Саҳми модари ҳимматбаланд дар  ободонии диёр

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, ки андар он нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Киштие соз то бад он гузарӣ.

Оре, Офаридгори олами ҳастӣ, ин дунёро барои бандагонаш санҷишгоҳе офарида, онҳоро бо амалу кирдорашон имтиҳон мекунад. Хуш ба ҳоли он бандае, ки дар давоми умри зудгузари хеш хубиву накӯиро пешаи худ сохта, бо амалҳои хайрхоҳонаю эҳсонкорияш ин дунё ва охираташро обод созад. Мақсаду мароми чунин нафарони хайрхоҳу савобҷӯ дар ин дунё хубӣ кардан, хайру эҳсон намудан, дасти фитодаеро гирифтан аст, ки бо ин амалҳои накӯи инсонӣ ҷояшон дар дилу дидаҳо нақш мегирад.

Мавлонова Санифа модари 91 сола, сокини деҳаи Ҷавонӣ ҷамоати деҳоти Қади Об, ки соҳиби 8 фарзанди баркамолу бомаърифат буда, имрӯзҳо дар ҳалқаи фарзандони солеҳу наберагони дустрӯи хеш давлати пириро паси сар мекунад, яке аз чунин нафароне маҳсуб меёбад, ки дар ободию пешравии диёри хеш саҳми босазои худро гузоштааст. Ин модари мушфиқу меҳрубон бо пасандози меҳнати ҳалоли худ тасмим гирифтааст, ки дар болои дарёе, ки аҳолии ду деҳа; деҳаи Ҷавонӣ ва Ёли гармобаи ҷамоати Қади Об аз он убур мекунанд, пули мошингузарро ки хеле фарсудаю корношоям шуда буд, азнавсозӣ намуда, мушкилоти аҳолии ин ду деҳаро бартараф созад.

Ҳангоми ҳамсӯҳбат шудан бо ин модари ҳимматбаланд маълум гашт, ки модар маблағи барои сафари Ҳаҷ пасандознамудаи худро дар бунёди ин пул масраф намудааст. Модари мушфиқ аз машаққату азоби солҳои баъдиҷангии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуда, нақл намуданд, ки он рӯзҳо ҳалқ на оромӣ дошту на осудагӣ. Мо занон шабдарав мекардем, яъне шабурӯз дар машақкати кор будем. Кӯдаки ширхора доштаму наметавонистам, ки ӯро маконам, мегӯяд модар. Падари кӯдаконам шабона аз даравҷо маро барои маконидани кӯдакам медӯздид. Модар аз он рӯзҳои пурмашаққат ёдоварӣ карда, шукри ин рӯзҳои осудагию тенҷиро намуд. Модари пир дасти дуо бардошта ба Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуо доданд. Худованди Карим Президенти моро умри дароз, тани сиҳат, хонаи обод, сарварии умрбод диҳад. Давлаташ пояндаву душманонаш расвои олам гардад. Ин марди Худодод буд, ки мо халқи тоҷикро ба чунин тенҷию амонӣ, серию пурӣ, пешравию ободиҳо расонид. Ман аз гуфтаҳои Президентамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин кори ҳайру савоб даст задам, афзуданд модари мушфиқ. Президенти мамлакат доимо таъкид карда мегӯянд, ки дасти муҳтоҷу бенавоеро гирифтан, ҷоеро обод кардан худ тавофи хонаи Каъба кардан аст.

Дар ин маврид шоир хуб фармудааст:

Дил ба даст овар, ки Ҳаҷҷи Акбар аст,

Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

Каъба бунёди Халили Озар аст,

Дил назаргоҳи Ҷалили Акбар аст.

Бунёди пули мазкур  санаи 24 декабри соли ҷорӣ бо иштироки раиси шаҳр муҳтарам Саидзода Сунъатулло   модари саховатпеша – Мавлонова Санифа ва ҳамроҳон кушода ба истифода дода шуд.