Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи 23 ноябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳр чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси шаҳр Саидзода Сунъатулло баромад намуда, ҳозиринро ба ин санаи фархунда шодбош гуфтанд. Инчунин оид ба Парчами давлатӣ чунин баён намуданд, ки парчам ҳамчун рамзи миллати озод ва давлати мустақил ба шумор рафта, мояи ифтихори ҳар як миллат мебошад. Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш қайд намуда буданд: «Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст.» Аз ин рӯ муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар як фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад…
Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоён Раҳмоншо баромад намуда тамоми сокинони шаҳри Роғун ва халқи азизи Тоҷикистонро ба ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуда, сиҳатмандии комил, хушҳолии рӯзгор ва барори кору баракати зиндагиро орзӯ намуда, инчунин баён доштанд, ки бигузор парчами Тоҷикистони азиз доимо парафшонӣ намояд ва роҳнамои мардуми кишвар ба сӯи ояндаи неку дурахшон бошад.
Сипас кормандони бахши фарҳанги шаҳри Роғун бо баромадҳои дилнишин, ки васфкунандаи рӯзи Парчами давлатӣ буданд, таъби ҳозиринро болида гардониданд.
Дар идомаи чорабинӣ роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ таҳти унвони «Роғун мазраи номус ва нерӯи ҷавонӣ» ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ бо ифтихормандиву шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ва давлату давлатдории миллӣ баргузор гардид.
Дар роҳпаймоии осоишта раиси шаҳр Саидзода Сунъатулло, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон Мирзоён Раҳмоншо, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Олимзода, 80 нафар ҷавонон ва варзишгарони шаҳри Душанбе, мудирони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, доираи васеи ҷавонони касбу кори гуногун аз ҷумла гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳр, варзишгарон, фаъолон ва сокинони шаҳр бо шумораи 2600 нафар иштирок доштанд.
Қобили тазаккур аст, ки дар рафти баргузории Роҳпаймоӣ раиси шаҳр дар макони баргузории чорабинӣ назди муҷассамаи Асосгузори аввалин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ сухан намуда, меҳмононро хушомадед гуфта , ба Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбод намуданд.
Сипас, меҳмонон баҳри дидан намудан аз рафти корҳо дар иншооти аср НБО «Роғун» раҳсипор шуданд.
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Раҷабалиева Шоира
Добавить комментарий