Рӯзи Президент ва 32-солагии Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
14 –уми ноябри соли ҷорӣ дар қасри фарҳанги шаҳри Роғун, ба муносибати Рӯзи Президент ва 32-солагии Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, баъдан табрикоти Раиси шаҳри Роғун, муҳтарам Саидзода Сунъатулло аз ҷониби муовини раиси шаҳр Сатторбекзода Умеда ба самъи ҳозирин расонида шуд, ки мавсуф иштирокчиёнро ба рӯзи ин ҷашни таърихӣ муборакбод гуфтанд. Қайд карда шуд, ки Иҷлосияи XVI –уми Шӯрои Олӣ дар қисмату ҳаёти миллати тоҷик ва хизматҳои шоёни Президенти мардумии миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарору бунёди давлати навини тоҷикон хеле бузург мебошад. Иброз гардид, ки; «Тирамоҳи соли 1992 баҳри барқарор кардани сулҳу субот ва сохти конститутсионӣ вакилони мардумӣ аз саросари кишвар барои баргузор намудани Иҷлосияи XVI ба Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд омаданд. Кори Иҷлосияи аз 16 ноябр то 2 декабр давом кард ва роҳи наҷоту эҳёи давлатдории нави миллиро ҳамвор сохт…».
Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон ворид шуд.
Ин фаъолияти самарабахш пас аз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардид.
Таърих шоҳид аст, ки дар суханронии аввалини худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ки «Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам».
Воқеан Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва созандагию бунёдкориашон ифтихори миллат, поягузори сулҳу ваҳдат ва меъмори давлати навини тоҷикон гардидаанд, ки бо матонату диловарӣ тавонистанд миллати тоҷикро аз вартаи ҳалокат раҳо намоянд.”
Ҳамин тавр бо ба ёд овардани хизматҳои шоён, ҷоннисориҳо дар роҳи эҳёи миллату давлат, сулҳу субот, озодию ободӣ, созандагию бунёдгузории Пешвои муаззами миллат, Рӯзи хуҷастаи Президент ва санаи тақдирсози Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми сарбаланди шаҳри Роғун ва тамоми миллати тоҷик, табрику муборакбод намуданд.
Дар идомаи чорабини кормандони бахши фарҳанги шаҳри Роғун бо баромадҳои дилнишин, ки васфкунандаи рӯзи Парчами давлатӣ буданд, таъби ҳозиринро болида гардониданд.
Раҷабалиева Шоира
Добавить комментарий