Ниҳолшинонию ободкориҳо идома доран
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар ҳамбастагӣ бо ташкилоту муассисаҳои дар шаҳр фаъолияткунанда имрӯзҳо дар саросари шаҳр ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ва барқароркунии боғҳо идома дошта, то ба имрӯз аз тарфи хоҷагии ҷангал дар мавзеи Ёнахш 426 адад ниҳоли себу нок, дар боғи мавзеи Эшонон 500 бех дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан, аз қабили себу зардолу, ноку олуча, акатсия амолсия, дар мавзеи Бустон 700 адад ниҳоли хуч барқарор карда шуда, инчунин дар майдони 0,10 сотих шинонидани тухмӣ ва бунёди ниҳолхонаи хурд ба анҷом расонида шудааст. дар роҳи 11 км, 160 бех ниҳолҳои дулона хуч ва 136 адад арча дар қаламрави шаҳри Роғун аз ҷумла роҳи 11 км-и шаҳр, хоҷагии ҷангал, арчаҳои ҳамешасабз шинонида шуда истодаанд.
Ҳамчунин шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид, ки дар шанбегӣ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, тамоми ташкилоту муассисаҳо, мардуми заҳматкаш ва соҳибкорон ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ барои боз ҳам ободтару зеботар гардонидани шаҳр камари ҳиммат баста, иштирок шамуданд.
Дар маъракаи мазкур масъулин гирду атрофи гулу буттаҳо ва дарахтони ороишии канори шоҳроҳбударо нарму пуроб намуда, аз алафҳои бегона ва партовҳои сахти майишӣ тоза карда, инчунин ба намои шоҳроҳ зебои зам намуданд.
Давлатов С.
Добавить комментарий