РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК МУБОРАК!
Санаи 8-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бахшида ба 10 ноябр- Рӯзи Милитсия чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоён Раҳмоншо, Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохила дар шаҳр Файзуллозода И., Раиси Шӯрои собиқадорони шуъбаи ВКД подполковники мустаъфӣ Мусоев Файзалӣ ва роҳбарону мақомотҳои ҳифзи ҳуқук иштирок ва суханронӣ намуданд, зимни суханронӣ кормандони милитсияро ба рӯзи ҷашн табрик ва барои хизматҳои шоён арзи сипос намуданд.
Ҳамчунин зимни ироаи суханрониҳо иброз гардид, ки Мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба сомон мерасонанд.
Маҳз дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ва фаъолияти муназзами онҳо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осудагиву суботи кишвар ва тинҷиву амнияти шаҳрвандон таъмин гашта, пеши роҳи содиршавии ҳазорон ҷиноят гирифта шуд, ашхоси ҷинояткор ошкору дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва пойдории давлати ҷавони Тоҷикистон корманди мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ азму талош ва ҷонбозиҳо намуда, ҳангоми иҷрои вазифа нафарони зиёде ҷони худро аз даст доданд.
Давлату Ҳукумат ва мардуми тоҷик онҳоеро, ки ба хотири ҳифзи амният ва сулҳу суботи ҷомеа ҷони худро нисор кардаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.
Дар охир як қатор фаъолони мақомоти милитсия, ки дар рушду нумӯъ ва ободию пешравии шаҳр ҳиссаи арзанда гузоштаанд, бо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”- сарфароз гардонида шуданд.
Шоира Раҷабалиева
Добавить комментарий