Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 солагии Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 солагии Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 22 октябри соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №11 бахшида ба 30- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони шаҳр баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №11-и ноҳияи Файзобод Наҷмиддиниён Файзулло ва раси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад. Инчунин, кайд карда шуд, ки моро зарур аст, дар амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон дода сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати милиро таҳким бахшида, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намудааст, саъю талош варзида, баҳри дар амал татбиқ намудани ҳар як банди ин Қонуни сарнавиштсоз чораҳои зарурӣ ва саривақтиро роҳандозӣ намоем.
Раҷабалиева Ш.
Добавить комментарий