Таҷлили ҷашни Меҳргон
Боиси ифтихору шукргузорист, ки имрӯз аз баракати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сулҳу Ваҳдати миллӣ мо дар қатори тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз, ҷашни гузаштагонамон Меҳргонро бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоем. Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки он файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд.
Ба ин муносибат санаи 20 октябри соли ҷорӣ дар боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Меҳргон дар якҷоягӣ бо
Фестивали занбурпарварон, «Оши палов» намоиш-фурӯши асал, шолӣ ва бринҷ ва Иди себу ангур баргузор гардид. Дар чорабинӣ аз шаҳри Роғун муовини раиси шаҳр Сафарализода Қ, мудири бахши кишоварзӣ, кор бо занон ва оила, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҳунармандону кишоварзони шаҳр иштирок намуда, ҳунарҳо ва ҳосили фаровони меҳнати дасти хешро ба марази тамошои меҳмонону иштирокчиён ва харидорон гузоштанд.
Таҷлили расмии иди мазкур далели он аст, ки мардуми шарафманди шаҳри Роғун дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи асосии худ медонанд. Соҳаи кишоварзӣ ҳамчун манбаи асосии истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва ашёи хом буда, дар таъмин намудани талаботи ҳамарӯзаи аҳолии шаҳрамон саҳми босозае дорад.
Дар қисмати тантанавии чорабинии мазкур кишоварзону хоҷагидорони заҳматкашу заҳматписанд бо ифтихорнома ва мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамин тавр чорабинии мазкур бо барномаи бошукӯҳи ҳунарӣ бо пешниҳоди дастагули мусиқии иборат аз савту навоҳои дилнишин, ва сурудҳои тараннумкунандаи деҳқони заҳматкаш ва васфи сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.
Шоира Раҷабалиева
Добавить комментарий