Конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 7 сентябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Рашт ва маомотои ҳифзи ҳуқуқ Конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчунин соли «Маърифати ҳуқуқӣ» таҳти унвони «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули маърифати ҳуқуқии ҷомеа» баргузор гардид.
Дар кори Конференсия Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, Муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардори шуъбаи Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Рашт Акобирзода Дилшод, роҳбари дастгоҳи иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Ҳомидзода М., муовини сардори Раёсати илм ва инноватсияи академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пайрав Изатуллозода, ходими пешбари илмии институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Ардамеҳр Ашуров, муовини раиси ноҳияи Файзобод Каримзода Ҷунайдулло, прокурори шаҳри Роғун Сафарзода Бахтибек, судияи суди шаҳри Роғун Шарифзода Саидхуҷа ва дигар даъватшавандагон иштирок намуданд.
Конференсияро муовини раиси шаҳр Шарафзода Б. оғоз намуда, мақсади баргузории онро ба ҳозирин фаҳмониданд, сипас сухан ба масъулин барои ироаи маърӯзаҳо дода шуд. Пас аз суолу ҷавоб ва муҳокимарониҳо кори Конференсия ба анҷом расид.
Сармутахасси шуъба Раҷабалиева Шоира
Добавить комментарий