Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон
Иди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамасола санаи 5-уми октябр дар саросари кишвари маҳбубамон таҷлил мегардад, ки ин боиси хурсандиву саодатмандии миллати тоҷик аст. Иди касбии омӯзгорон низ ба ин рӯз рост омадааст.
Ин санаҳои фархунда санаи 4 октябри соли ҷорӣ дар қасри фарҳанги шаҳри Роғун бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуда, дар чорабинӣ тамоми роҳбарону кормандони ташкилоту муаасисаҳо, омӯзгорону устодон, хонандагону донишҷӯён ва сокинони шаҳр иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Роғун Сатторбекзода Умеда паёми табрикотии раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатуллоро ба саъми ҳозирин расонида, соҳибзабонон ва омӯзгоронро ба ин рӯзи муборак табрику шодбош гуфтанд.
Сипас дар идомаи чорабинӣ омӯзгорони дар касбу корашон фаъол ва омӯзгорони собиқадор бо ифтихорномаи раиси шаҳри Роғун сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин ғолибони озмуни «Донандаи беҳтарини забони тоҷикӣ» бо Ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Добавить комментарий