МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ РОҒУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
АМРИРАИСИ ШАҲРИ РОҒУН |
аз «10» сентябри соли 2024 №210 ш. Роғун
Дар бораи гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии
хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ
ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун
Мутобиқи талаботи моддаҳои 19-20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», дар асоси Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ шудааст ва бо мақсади интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои лаёқатманду салоҳиятнок дар хизмати давлатӣ А М Р М Е Д И Ҳ А М:
- Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун озмун эълон карда шавад. (Мансабҳои холӣ замима мегардад.)
- Номгӯи мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавассути сомонаи расмии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сомонаи МИҲД-и шаҳри Роғун www.roghun.tj, www.ahd.tj, ва рӯзномаи шаҳрии «Нури Роғун» ба нашр расонида шавад.
- Масъулини шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати сари вақт амалишавии банди 2 амри мазкур мусоидат намоянд.
- Ба Комиссияи озмуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун супориш дода шавад, ки озмун тибқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ба роҳ монда шавад.
- Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи раиси Комиссияи озмун ва шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Роғун гузошта шавад.
Раис С. Саидзода
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ РОҒУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
- Сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳри Роғун маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и шаҳр -1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ.
- Сармутахассиси бахши кор бо занон ва оила -1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи умуми, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши молия ва муҳосиботи дастгоҳи раиси шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи МИҲД-и шаҳр-2 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии МИҲД-и шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши рушди иқтисод ва савдои МИҲД-и шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии МИҲД-и шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги МИҲД-и шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши бойгонии МИҲД-и шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр -1 ҷой, маоши мансабӣ – 1276,00 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и шаҳр -1 ҷой, маоши мансабӣ – 1276,00 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳр -1 ҷой, маоши мансабӣ – 1276,00 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр -1 ҷой, маоши мансабӣ – 1276,00 сомонӣ.
МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ:
Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм
- Сармутахассис-муҳандис заминсози Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм 1- ҷой
маоши мансаби-1809,60 сомонӣ.
- Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм 1- ҷой маоши мансаби -1809,60 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм -1 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм -1 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм 1 ҷой, маоши мансабӣ -1484,80 сомонӣ.
- Мутахассис оид ба масъалаҳои андози Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм- 1 ҷой, маоши мансабӣ -1218,00сомонӣ.
Ҷамоати деҳоти Қади Об
- Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Қади Об-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1728,40 сомонӣ.
- Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Қади Об-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1728,40 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Қади Об-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1415,20 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Қади Об 1 ҷой, маоши мансабӣ -1415,20 сомонӣ.
- Мутахассис оид ба масъалаҳои андози Ҷамоати деҳоти Қади Об- 1 ҷой, маоши мансабӣ -1160,00 сомонӣ.
Ҷамоати деҳоти Сичароғ
- Сармутахассис сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Сичароғ-1 ҷой, маоши мансабӣ -1728,40 сомонӣ.
- Сармутахассис-муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Сичароғ-1 ҷой, маоши мансабӣ -1728,40 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Сичароғ 1 ҷой, маоши мансабӣ -1415,20 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ:
Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис: -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– малакаи кор бо компютер.
Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-малакаи кор бо компютер.
Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо; Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун (шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо).
Телефон 8 (3134) 21-900, 21-268 Ҳуҷҷатҳои довталабон баъди нашри эълон дар давоми 21 рӯз қабул карда мешавад.
Эзоҳ: Ҳамзамон довталабон ҳуҷҷатҳои дар боло зикршударо тариқи почтаи электронии roghun.kadrho@mail.ru метавонанд ирсол намоянд, инчунин, метавонанд нашри эълони озмунро дар сомонаи www.roghun.tj, www.ahd.tj дастрас намоед. Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: -ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ (Раиси шаҳр)
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона сурати андозаи 4 х 6)
-тарҷумаи ҳол -нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад)
-нусхаи шиноснома
-нусхаи син
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ шакли 038 УЕ
-рақами мушаххасси андозсупоранда
-маълумотномаи ҷои истиқомат ва ҳайати оила
-маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (аз нозироти андоз)
-маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ.
САВОЛНОМА
- Конститутсияи Ҷумхурии Точикистон кай кабул шуда буд, кай ва бо кадом роҳ ба Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст?
- Моддаи 1 Конститутсияи Ҷумхурии Точикистонро шарҳ диҳед.
- Мақомоти қонунгузор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом мақом мебошад?
- Ҳокимияти давлатӣ чӣ гунна амалӣ мегардад?
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» чанд бор қабул шудааст?
- Маълумот дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» нисбати кадом мақомот амалӣ мегардад?
- Салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
- Намудҳои низоми хизмати давлатиро номбар кунед.
- Макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати кадом аст?
- Принсипхои асосии хизмати давлатиро номбар кунед.
- Феҳристи мансабҳои давлатӣ ва категорияҳои мансабҳои хизмати давлатиро номбар кунед.
- Тартиби қабулшавӣ ба хизмати давлатиро шарҳ диҳед.
- Ҳолатхое, ки ба хизмати давлатӣ қабул намудани шаҳрванд ва дар хизмати давлатӣ будани хизматчии давлатиро истисно мекунанд, номбар кунед.
- Ҷавобгарии интизомии хизматчии давлатиро номбар кунед.
- Рутбаҳои тахассусии хизматчиёни давлатиро бо тартиби муайянгардида номбар кунед.
- Мансаби давлатии хизмати давлатӣ чист ва намудҳои онҳоро номбар кунед.
- Асосҳои истеъфои хизматчии давлатӣ кадомҳоянд?
- Асосҳои катъ шудани хизмати давлатиро номбар кунед?
- Маҳдудиятҳои вобаста ба хизмати давлатӣ кадомҳоянд?
- Принсипҳои асосии одоби хизматчиёни давлатиро номбар кунед.
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд ҳизби сиёсӣ амал мекунад ва онҳоро номбар кунед.
- Синни ниҳоӣ дар хизмати давлатӣ.
- Низоми мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар кунед ва онҳоро шарҳ диҳед?
- Собиқаи хизмати давлатӣ чист ва он аз собиқаи умумии меҳнатӣ чӣ фарқ мекунад?
- Санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед.
- Ротатсияи хизматчиёни давлатӣ барои кадом категорияҳо пешбинӣ шудааст?
- Баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчиёни давлатӣ дар асоси чӣ гузаронида мешавад?
- Делои шахсии хизматчиёни давлатӣ дар асоси кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ пеш бурда мешавад?
- Тартиби пешбурди делои шахсии хизматчиёни давлатӣ аз чанд фасл иборат мебошад?
- Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар асоси чӣ гузаронида мешавад ва чанд шакл дорад?
- Озмун барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ бо кадом мақсад гузаронида мешавад?
- Кафолатҳои иҷтимоии хизматчии давлатиро номбар кунед.
- Маоши хизматчиёни давлатӣ дар асоси чӣ ҳисоб карда мешавад?
- Оё маоши заминавии хизматчиёни давлатӣ аз рӯи категория фарқ дорад?
- Дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии маъмурии мақомоти давлатӣ бо фармоиши (қарори) кӣ тасдиқ карда мешавад?
- Дар кадом моддаи Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ» кафолатҳо ва ҳавасмандгардонии хизматчиёни давлатӣ пешбинӣ гардидааст?
- Ба хизматчии давлатии сиёсӣ ва категорияи олӣ чанд рӯзи тақвимӣ рухсатии асосии ҳарсолаи пардохтшаванда муқаррар карда шудааст?
- Барои хизматчиёни давлатии маъмурии категорияҳои 3 то 7 чанд рӯзи тақвимӣ рухсатии асосии ҳарсолаи пардохтшаванда муқаррар карда шудааст?
- Кадом категорияҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда дохил мешавад ?
- Рутбаи тахассусии аз ҳама баланд, ки ба хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ дода мешавад кадом аст?
- Оё хизматчиёни давлатӣ ҳуқуқи аъзои иттифоқи касаба буданро доранд?
- Кадом рутбаҳои тахассусӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд?
- Дар асоси кадом моддаи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ пешниҳоди эъломияҳо пешбинӣ гардидааст?
- Ба хизматчии давлатие, ки 15 соли собиқаи хизмати давлатӣ дорад, ҳангоми ба нафақа баромадан чӣ қадар кӯмакпулӣ дода мешавад?
- Ба мансаби категорияи 5 (сармутахассисони мақомоти давлатӣ) чанд сол собиқаи корӣ муқаррар гардидааст?
- Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ва аз ҷониби кӣ тасдиқ шудааст?
- Кадом моддаи Конститутсия ҳуқуқӣ ба меҳнат машғул шудани шаҳрвандонро танзим менамояд?
- Кадом моддаи Конститутсия ба шаҳрванд ҳуқуқи баробар ба хидмати давлатӣ додаст?
- Мафҳуми «давлати дунявӣ» тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад.
- Мафҳуми «давлати ягона» тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад.
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳо) ва барномавӣ (консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо) доир ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм номбар карда шавад.
- Санадҳои ҳуқуқии байналмилали вобаста ба муқовимат бо тероризм ва экстремизм, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, номбар карда шавад.
- Дар бораи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба зидди терроризм» маълумот пешниҳод карда шавад.
- Мафҳумҳои «терроризм» ва «амали террористӣ» шарҳ дода шавад.
- Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда номбар карда шуда, доираиваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ дода шавад.
- Субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштироккунанда номбар карда шуда, доираиваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ дода шавад.
- Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 маълумот пешниҳод карда шавад.
- Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» маълумот пешниҳод карда шавад.
- Мафҳумҳои «Экстремизм» ва «сепаратизм» шарҳ дода шавад.
- Субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда номбар карда шуда, доираиваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ дода шавад.
- Субъектҳои дар муқовимат ба экстремизм иштироккунанда номбар карда шуда, доираиваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ дода шавад.
- Дар бораи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстромизм маълумот пешниҳод карда шавад.
- Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» маълумот пешниҳод карда шавад.
- Дар бораи шаклҳои иттиҳодияҳои динӣ ва вазъи ҳуқуқии онҳо маълумот пешниҳод карда шавад.
- Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин маълумот пешниҳод карда шавад.
- Дар бораи ҳуқуқи инсон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шавад.
- Масъалаи арзиши олӣ эътироф шудани инсон, хукук ва озодихои он тибқи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад.
- Боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад.
- Ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, тасниф карда шаванд.
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳо) ва барномавӣ (консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо) доир ба ҳуқуқи инсон номбар карда шаванд.
- Дар бораи (қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2016, №1339 «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ» маълумот пешниҳод карда шавад.
- Намудҳои муроҷиат, шаклҳои муроҷиат ва муҳлатҳои баррасии муроҷиатҳо тибқи (қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2016, №1339 «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ» шарҳ дода шавад.
- Дар бораи (қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008, №372 «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот пешниҳод карда шавад.
- Дар бораи сохтор ва вазифаҳои асосии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниход карда шавад.
- Механизмҳои (роҳҳои) миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон номбар карда шаванд.
- Дар бораи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 202l, №565 тасдиқ карда шудааст, маълумот пешниҳод карда шавад.
- Дар бораи Эъломияи Куруши кабир ва дигар сарчашмаҳои ҳуқуқии таърихии милли оид ба ҳуқуқи инсон маълумот пешниҳод карда шавад.
- Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ вобаста ба соҳаи ҳуқуқи инсон, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, номбар ва шарҳ дода шаванд.
- Дар бораи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар маълумот пешниҳод карда шавад.
Добавить комментарий