Вохӯрии  муовини якуми Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Раҳмоншо Мирзоён бо фаъолон ва сокинони шаҳри Роғун

            Санаи 30 июли соли 2024 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун вохӯрии  муовини якуми Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Раҳмоншо Мирзоён бо фаъолон ва сокинони шаҳри Роғун  оид ба пешгирии вазъи ҷинояткорӣ дар самти терроризм ва экстремизм, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва сатҳи ифротгароӣ дар шаҳри Роғун,  баргузор гардид.

        Дар  маҷлис муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр,  роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, сокинони шаҳр иштирок доштанд.  

          Маҷлисро муовини раиси шаҳри  Шарафзода Баҳром кушода,  меҳмононро хушомадед гуфта, ҳозиринро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуданд.

         Сипас, Муовини якуми Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Раҳмоншо Мирзоён оид ба мактуби  прокуратураи  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои  ободонию бунёдкорӣ ба муносибати  35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ва пешгирии вазъи ҷинояткорӣ дар самти терроризм ва экстремизм, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва сатҳи ифротгароӣ дар шаҳри Роғун сухан намуда, иброз доштанд, ки  сабабу омилҳо ва ангезаю сарчашмаи гаравиши сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои  экстремистию террористӣ, содир кардани амалҳои террористӣ заминаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, мафкуравӣ аз ҷумла мафкураи динӣ, фарҳангӣ ва ҳуқукиро доро мебошад.

Тавре маълум аст,  фарҳанг ҷузъе аз ҳастии ҳар як миллат ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо  ба мушоҳида мерасад, ки душманони миллати тоҷик аз сатҳи пасти тасавуроти фарҳангии баъзе аз шаҳрвандони мо истифода бурда,  онҳоро ба гурӯҳҳои  терористию экстремистӣ ба осонӣ шомил менамоянд, фарҳанги миллиро ба фарҳанги  исломӣ омехта карда, фарҳанги  либоспӯшӣ, сухангӯи, андешаи миллӣ, истифодабарии телефон, интернет ва ғайраро ба хурофот кашидаанд.

 Дар идома иброз доштанд, ки  кормандони  мақомоти ҳифзи  ҳуқуқ, иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои  ваколатдорро зарур аст, ки ба падару модар ва ё наздикони  муҳоҷирони меҳнатӣ пайваста вохӯриву суҳбатҳо гузаронида, аз рафти фаъолияти меҳнатӣ, шуғл, эътиқоду ақидаҳои динӣ, рафтору амали фарзандону пайвандони онҳо мунтазам бохабар шаванд. Чунки  ин ҳолат метавонад ба таври назаррас  пеши роҳи  шомилшавии чунин шахсонро ба сафи ташкилотҳои  террористию экстремистӣ гирад.

         Ҳамчунин сардори ШВКД Файзуллозода  Илҳом, Саидзода Ш.- мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Назаров А.- сархатиби шаҳри Роғун  баромад намуда, нисбати хавфи оќибатњои номатлуби гаравидани љавонон ба њар гуна њизбу њаракатњои ифротию иртиљої  сухан намуданд.

         Дар хотима  муовини раиси шаҳр Шарафзода Баҳром сухан намуда,  вохўриро љамъбаст намуда, иброз доштанд, ки сокинони шарафманди шањри Роѓун рўзњои даҳшатборе, ки ба сари миллати тољик омад, њељ гоњ фаромўш нахоњанд кард. Рўзњое, ки њама дар фикри оромии љомеа ва сулњу салоњ буданд. Дар чунин давраи њассос ягона шахсе, ки худро љонфидои миллат сохт Пешвои муаззами миллат Эмомалї Рањмон буд. Имрўз аз гузашти чунин рўзњо солњои зиёде њам набошад, Ватани азизамон ба пешравињои назаррасе ноил гардидааст. Метавон гуфт, ки чунин пешравињо мањз бо шарофати фарзанди фарзонаи миллат  мебошад. Бинобар ин, њар як нафарри моро зарур аст, ки андешаи ободї, сулњу субот ва оромии љомеаро дарк намуда, бањри осоиштагии халќу миллати хеш ва шикасти орзуњои палидонаи нохалафон, ки љавононро фирефтаи макру њиллањои худ, бо роњи таълимоти ѓайриќонунии диннї  гардонида гирифтори њар гуна њизбу  њаракатњои иртиљої менамоянд мубориза барем ва роњи илму маърифат  ва саводнокии баландро пешаи худ созем, зеро шахси соњибилм, њељгоњ фирефтаи  нохалафон  намегарданд.

 Сармутахассиси шуъбаи рушди                       

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                                 Раҷабалиева Шоира