Баргузории нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳа
Санаи 27 июли соли 2024 соати 16 00 бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, шуъбаю бахшҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун нишасти матбуотӣ оид ба ҳисоботи ҷамъбастии шашмоҳаи соли 2024 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 №АП- 1729 баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагон аз нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо», Агентии МИТ «Ховар», «Садои Душанбе» ва рӯзномаи шаҳрии «Нури Роғун» иштирок доштанд.
Нишасти матбуотиро муовини раиси шаҳри Роғун Шарафзода Баҳром оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфтанд.
Сипас, миёни хабарнигорони васоити ахбори омма ва иштирокчиён саволу ҷавоб ҷараён гирифт. Ба саволҳои хабарнигорон муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдор ҷавобҳои муфассал гардониданд.
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҷабалиева Ш.
Добавить комментарий